Ҷамъбасти озмуни “Навои Истиқлол” дар Кумитаи телевизион ва радио

Бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ташаккули нерую маҳорати эҷодӣ, мусоидат ба эҷоди асарҳои баландмазмуни мусиқӣ, суруду оҳангҳои нави мазмуни баланди ватандўстию ватанпарастидошта ва таранумгари Истиқлолу Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2020 то 1 марти соли 2021 Озмуни суруду оҳангҳои беҳтарин таҳти унвони «Навои Истиқлол» баргузор гардид, ки дар он композиторон, сарояндагон ва шахсони дорои маълумоти мусиқии касбӣ иштирок намуданд.

Имрӯз дар толори мааҷлисгоҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни суруду оҳангҳои беҳтарин таҳти унвони «Навои Истиқлол», ки бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ташаккули нерую маҳорати эҷодӣ, мусоидат ба эҷоди асарҳои баландмазмуни мусиқӣ ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар маросими ҷамъбасти он Раиси он Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, композиторон, сарояндагон ва шахсони дорои маълумоти мусиқии касбӣ иштирок намуданд.

Нуриддин Саид нахуст ғолибонро шодбош гуфта, зикр дошт, ки ташкил ва баргузории чунин озмунҳо дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома ёфта, барои барои баланд бардоштани маҳорати эҷодӣ ва касбияти кормандони соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар маросими ҷамъбасти Озмун гуфта шуд, ки дар давраи баргузории сабқат 63 асари мусиқӣ −аз ин шумора, 21 суруд, 1 трио, 1 квартет, 6 навозиш, 1 кантата, 1 пйесаи оркестрӣ, 18 сюитаи вокалӣ барои яккахон, хор ва оркестри симфонӣ, 5 сюитаи вокалӣ-хореографӣ, 2 сюитаи мусиқӣ- хореографӣ, 3 увертюра барои оркестри симфонӣ, 2 дуэт ва 2 композитсияи мусиқӣ пешниҳод шуд. Бо мақсади муайян намудани ғолибони озмун  ҳайати ҳакамон иборат аз 11 нафар аз ҳисоби композиторон, мусиқишиносон, шоирон, коргардонҳои намоишҳои оммавӣ ва театрикунонидашуда таъсис дода шуд.

Ба иттилои Хуршед Низомов, директори Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунарии Кумита, аз шумораи болозикр ба даври ҷамъбасти озмун 43 асари мусиқӣ (14 суруд, 6 навозиш, 1 кантата, 1 пйесаи оркестрӣ, 8 сюитаи вокалӣ барои яккахон, хор ва оркестри симфонӣ, 5 сюитаи вокалӣ — хореографӣ, 2 сюитаи мусиқӣ-хореографӣ, 1 дуэт, 1 трио, 1 квартет ва 3 увертюра барои оркестри симфонӣ) пешниҳод гардид. Аз ин шумора тибқи талаботи низомнома 20 асари мусиқӣ — 5 сюитаи вокал ва вокалӣ-хореографӣ, 1 квартет, 1 трио бо ҳамовозии оркестри давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, 1 суруд бо ҳамовозии оркестри созҳои миллӣ, инчунин 13 суруд бо ҳамвозии ансамблҳои созҳои миллӣ ва эстрадӣ баҳои баланд гирифтанд.

Дар ин замина, тибқи қарори ҳакамони Озмун 10 нафар довталабон ғолиб ва 7 нафар ҷоизадори Озмун гардиданд. Ба ғолибон мукофотпулӣ ва диплом супорида шуд.

 

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, собиқ роҳбари ансамбли давлатии “Фалак” – и назди Кумитаи телевизион ва радио Давлатманд Холов, ки аз иштирокчиёни фаъоли озмун буд, мегӯяд, роҳандозии чунин сабқатҳои эҷодӣ шавқи онҳорро ба офариниши оҳангҳои нав метезонад.

Дар фарҷоми чорабинӣ зикр карда шуд, ки минбаъд теъдоди чунин озмунҳои эҷодӣ дар Кумита бештар мешаванд, зеро нақши онҳо дар самти ташаккули нерую маҳорати эҷодӣ, мусоидат ба эҷоди асарҳои баландмазмуни мусиқӣ, эҷоди суруду оҳангҳои нави мазмуни баланди ватандўстию ватанпарастидошта ва таранумгари Истиқлолу Ваҳдати миллӣ бениҳоят калон аст.

Мирсаид Сатториён,

Радиои “Фарҳанг”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *