АСАРИ ИНОЯТХОНИ ДЕҲЛАВӢ “ТАРБИЯТ” БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БА НАШР РАСИД

Китоби тарбиявии “Тарбият” асари мутафаккири тоҷиктабори Ҳиндустонӣ Иноятхони Деҳлавӣ, ки фарогири масъалаҳои таълим ва тарбияти кӯдакон аст, ба нашр расид. Ин асар аз ибтидо то ба хотима равиш ва усулҳои тарбияти кӯдакро фаро гирифта, ба падару модарони ҷавон, ки дар тарбияи кӯдак таҷриба надоранду ба душвориҳо мувоҷеҳ мешаванд, дастурамали муфид ба шумор меравад.

Ин асари мутафаккири ҳиндустонӣ на фақат дар шарқ, балки дар Ғарб низ машҳур аст. Ғарбиён ба ин назаранд, ки хондану истифодаи он дар амал ва ё баҳра бурдан аз усулҳои тарбиявии пешниҳод намудаи ин олим барои падару модар, мураббӣ ва омӯзгорон шарт ва зарурӣ мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистон асарҳо ва китобҳое, ки махсусан дар боби омӯзиш, парвариш, тарбияти кӯдакон бошад, хеле кам нашр мешавад ва ҷомеа аз набуди чунин асарҳову дастурҳо ба мушкил мувоҷеҳ аст. Биноан, тарҷума ва нашри ин асар метавонад барои ҳама, чӣ падару модарон ва чӣ омӯзгорону мураббиёни боғчаҳо чун як дастурамали муҳим барои тарбияи кӯдакон, ки ояндаи ҷомеаи солим ба шумор мераванд, хизмат намояд. Ба таъбири дигар гӯем, ҷомеаи мо ба дастурамалҳое, ба мисли китоби “Тарбият” ниёз дорад. Ин китоб бояд дар ҳар як хонадон бошад ва чун як оинномаи зиндагӣ дар дастури амал қарор гирад. Ин китоб ба доираи васеи хонандагон, падарон, модарон, ҷавонон ва навхонадорон пешниҳод мешавад. Бовар кунед, хондани ин китоб ба шумо меомӯзад, ки чӣ тавр дар оила бо кӯдакон муносибат кунед ва чӣ гуна кӯдакатонро тарбия намоед, то дар оянда чун як инсони солим ва тарбиядида ба камол расад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *