Барномасози тоҷик барномаи телефонии осори устод Айниро сохт

Барномасози ҷавони тоҷик Аҳлиддин Зардаков барномаи (приложение)-е барои телефонҳои мобилӣ сохтааст, ки дар он тамоми осори устод Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистонро ба забони русӣ фаро гирифтааст, хабар дод Барномасози ҷавони тоҷик Аҳлиддин Зардаков.

Ин нармафзор бо номи «Все книги Садриддин Айни на русском языке» дар телефонҳои мобилии системаи android қобили дарёфт аст .

Аҳлиддин Зардаков гуфтааст, вақте баъзе китобҳои Садриддин Айниро ҷустӯ кард, аммо наёфт, нияти сохтани ин барномаро пеш гузошт.

Ба гуфтаи ӯ, дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди китобхонӣ ва аз ин роҳ боло бурдани сатҳи фарҳангу маънавиёт дар ҷомеа водор кард, ки барои осонтар пайдо кардани осори адибон ин корро роҳандозӣ кунад.

Ин ҷавон барномаи мушобеҳи осори устод Садриддин Айниро ба забони тоҷикӣ низ сохтааст, аммо ба далели ин ки ҳама осори тоҷикии аллома Айниро пайдо накардааст, барнома дар ҳоли сохту соз қарор дорад ва бо пайдо кардани осори дигар, ин нармафзорро низ фаъол мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *