ДАР БРИТОНИЁ ХАРОБАҲОИ ШАҲРИ ҚАДИМАИ ТИҶОРАТӢ ЁФТ ШУДАНД

Дар Бритониё харобаҳои як шаҳри тиҷории румӣ кашф шудааст, хабар медиҳад Guardian

Бостоншиносҳо ҳангоми таҳқиқи майдони наздикии Нортгемптоншир ин харобаҳоро кашф кардаанд. Онҳо дар зери қабати нимметраи хок буданд.

Бостоншиносон дар инхаробаҳо  бинохои истиқоматӣ ва саноатӣ, зиёда аз 300 танга ва чор чоҳ ёфтаанд. Пеш аз кофтуковҳои бостоншигосон дар ин мавзеъҳо чорво мечарид.

Таърихнигорон мегӯянд, ки пеш аз ҳамлаи Рум дар соли 43-и милодӣ, дар ин макон як деҳа воқеъ будааст. Дар давраи ҳукмронии Рум ҳудуди деҳа васеъ мешавад ва он ба шаҳарак табдил меёбад.

Пайдо гардидани тангаҳои румӣ ва тарозуҳои вазкашӣ аз сарватманд будани аҳолӣ ва макони тиҷоратӣ будани ин шаҳрак шаҳодат медиҳанд. Бостоншиносон аз ин ҷо инчунин, асбобҳои заргарӣ, зарфҳои шишагӣ ва сафолии сомияиро, ки аз Галлия оварда шудаанд, пайдо намудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *