Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид

18 феврал вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, ки бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе омада буд, баргузор гардид.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки вазирони корҳои хориҷӣ маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро муфассал баррасӣ намуда, оид ба мушорикати ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз робитаҳои бародарона ва ҳусни эҳтироми мутақобил вазирон таъкид намуданд, ки бо саъйи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар сатҳи баланди муносибатҳои шарикии стратегиро минбаъд низ нигоҳ дошта, вазифаҳои гузоштаи сарони давлатҳоро пайгирона иҷро хоҳанд кард.

ВКХ ҶТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *