ФИЛМИ КОРГАРДОНИ ТОҶИК ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГОЛЛИВУД СОҲИБИ ҶОИЗАИ «БЕҲТАРИН КОРИ КОРГАРДОНӢ» ГАРДИД

Филми коргардони тоҷик Фирдавс Ниёзов таҳти унвони «Қатли рӯбоҳ»  дар Фестивали байналмилалии Голливуд («Hollywood Gold Awards») сазовори ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид, иттилоъ додааст коргардони филм Фирдавс Ниёзов.

Ба гуфти коргардон, филми мазкур дар Кинофестивали «8 and HalFilm Awards» дар Италия низ сазовори ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардида буд.

Филми мазкур бо дастгирии  директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Носир Саид ва коргардон Фирдавс Ниёзов моҳҳои сентябр-ноябри соли 2020 рӯи навор омадааст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, рӯзҳои наздик филми «Қатли рӯбоҳ» дар кинотеатрҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *