Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон бо иштироки Президенти мамлакат дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов бунёд гардидааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад. Дар корхонаи нави саноатӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Бонувон хушнуд аз онанд, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, маҳсулоти бомаззаи ватанӣ истеҳсол менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи навтаъсис аввалан нон бо шакли махсус ва тамъи хосса пухта шуда, баъдан коркард мегардад, ки аз он 6 номгӯй маҳсулоти босифат бо тамъҳои гӯшти мурғ, қаймоқ, кабутӣ, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешаванд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба корхона таҷҳизоти муосир аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардидаанд.

Дар хати технологии замонавӣ маҳсулоти ордӣ бо унсурҳои иловагӣ то марҳилаи ниҳоӣ коркард ва банду баст мешавад, ки он дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Бо дарназардошти он ки талабгорони ин навъи маҳсулот аксаран кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба таркиб ва сифати он диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, масъулонро вазифадор карданд, ки дар раванди истеҳсолот ба сифатнокӣ таваҷҷуҳи асосӣ равона намоянд. Зимнан ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таркиби маҳсулоти нонӣ, аз орду равған, ширу шакар, обу намак, тухму қаймоқ ва дигар унсурҳои табиию маводи хушбӯйкунанда иборат аст.

Бояд гуфт, ки қаблан маҳсулоти коркардшудаи нонӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуд ва арзиши гарон дошт. Тӯли солҳои охир бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат истеҳсоли ин навъи маҳсулот бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир асту талабгорони зиёд дорад.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи нави саноатӣ дидан карданд. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат аз истеҳсоли маҳсулоти дигари ғизоӣ, ки дар натиҷаи коркарди картошкаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад, иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар сехи алоҳидаи тобеи корхонаи мазкур коркарди картошка ба роҳ монда шудааст ва аз он маҳсулоти хушсифату болаззат омода мегардад.

Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида ба соҳибкорони ватанӣ чунин корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар мамлакат, хусусан дар вилояти Суғд бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сокинони зиёд ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ба хотири баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаи нави тавлидотӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои боз ҳам афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ ва бештар намудани ҷойҳои нави корӣ маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

www.president.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *