ИМРӮЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ИРОА МЕГАРДАД

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

дар ин чорабинӣ, ки дар «Кохи Сомон» баргузор хоҳад шуд, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ,  Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, раисони вилоятҳо, намояндагони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигарон иштирок хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» тавассути шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *