ХОНАНДАИ ТОҶИК ҒОЛИБИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ШОДИИ ТОШКАНД»

Хонандаи синфи 7 – и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11  — и ноҳияи Ҷаббор Расулов, узви маҳфили «Рассоми эҷодкор»- и Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Лайло Ёқубова дар 8 — умин Фестивали байналмилалии «Шодии Тошканд» иштирок намуда, ғолиб гардид. Дар ин бора шуъбаи иттилоот ва таҳлилии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки Лайло Ёқубова таҳти роҳбарии Нозима Раҳимбоева ба кумитаи тадорукот озмуни мазкур, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, расмҳои кашидаашро дар мавзӯъҳои «Олами рангини кӯдакон», «Ҷаҳоне, ки ман сукунат дорам», «Ватани ман», «Орзуи ман» пешниҳод намуд ва баъди баррасии ҳайати доварон ғолиби он эълон шуд.

Фестивали байналмилалии кӯдакон «Шодии Тошканд» аз соли 2004 инҷониб аз ҷониби Академияи рассомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ду сол як маротиба байни кӯдакони аз 5 то 15-сола баргузор мегардад. Имсол ба кумитаи тадорукоти он зиёда аз 2 ҳазор асарҳои кӯдакон аз 27 кишвари олам, аз ҷумла Франсия, Ҳиндустон, Чин, Амрико, Озарбойҷон, Малайзия, Миср, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Исроил, Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Латвия ва ғайра пешниҳод гардиданд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки асарҳои тасвирнамудаи Лайло Ёкубова дар намоишгоҳи доимии 8 — умин Фестивали байналмиллалии «Шодии Тошканд» ба намоиш гузошта мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *