Котиби масъул

ХУҶАЁРОВ Убайдулло

(УБАЙДУЛЛОИ Акрамзод)

Убайдуллои Акрамзод зодаи шаҳри Панҷакент мебошад. Баъди хатми тахассуси омўзгорӣ солҳои зиёд ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои гуногун фаъолият кардааст.Дар баробари фаъолияти омўзгорӣ кори худро дар Радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он ба роҳ монда, солҳои зиёд дар вазифаҳои масъули Радиои «Тоҷикистон» фаъолияти густурда дорад.Айниҳол котиби масъули Радиои «Фарҳанг» буда, муаллифи барномаҳои радиоии «Ангубин» ва «Марворид» мебошад, ки ба талқини пок нигоҳ доштани забони адабии тоҷикӣ нигаронида шудаанд.

Мақолаҳояш вобаста ба фарҳангу адаб дар нашрияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла рўзномаҳои «Омўзгор» ва «Паёми Душанбе» пайваста нашр мешаванд.