Маҷмӯи мақолаву меҳрномаҳои алоқамандони Радиои Тоҷикистон ба табъ расид

10 – уми апрели соли 1930 нахустин бор садои радио бо ибораи «Диққат, диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ  Хонаи деҳқон – макони имрӯзаи театри ба номи Маяковский дар фазои пойтахти Тоҷикистони ҷавон танин андохт.

Имрӯз аз ин санаи фархунда 91 сол пур мешавад. Давоми ин солҳо Радиои Тоҷикистон ба ҳаёти мардум ворид шуд. Дар шаҳру деҳот нуқтаҳои радио афзуда, шаҳрвандон аз тариқи он ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва адабӣ ошно мегардиданд.

Имрӯз Радиои Тоҷикистон ба як расонаи муқтадири миллӣ табдил ёфта, ҳамчун яке аз зерсохторҳои фаъоли Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба ифтихори 91 – солагии ин расонаи бузурги иттилоотӣ аз тариқи нашриёти “Душанбе – принт” маҷмӯи мақолаву меҳрнома ва ёддоштҳои рӯзноманигорон ва аҳли эҷоди кунуниву собиқадорони Радиои Тоҷикистон бо номи “Расонаи зиндагӣ” бо фарогирии 240 саҳифа ва теъдоди 500 адад ба табъ расид.

Мураттиби китоб директори Радиои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Обидҷон Саидзода буда, он зери назари муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филолгӣ Дилафрӯз Рустамзода ба табъ расидааст.

Дар китоб мақолаҳо роҷеъ ба таърихи радио (махсусан Радиои Тоҷикистон), аҳамияти ин расона дар зиндагии имрӯз, андешаи муҳаққиқону устодони соҳа дар бораи радио, хотироти ҳамкорон, ёддошту меҳрномаҳои собиқадорон ҷой дода шудаанд. Он ба доираи васеи пажӯҳишгарон, устодони донишгоҳҳо, таърихнигорон, рӯзноманигорон, донишҷӯёни соҳаи рӯзноманигорӣ ва дигар алоқамандону дӯстдорони соҳа тавсия дода шудааст.

Мирсаид САТТОРИЁН,

Радиои “Фарҳанг”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *