МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ – ВАЗИФАИ ҲАМАГОНӢ

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои террористиву экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо даҳшатафканӣ дар ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ мебошад. Терроризму ифротгароӣ солҳои охир хусусиятҳои нав пайдо кардаанд. Яке аз ҳамин гуна хусусиятҳо пайванд додани хушунат ва даҳшатафканӣ бо расонаҳои хабарист. Террористон аз расонаҳои хабарӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Расонаҳо дар бузург кардан ва аҳамият додан ба таҳдидҳои террористон дар афкори омма зеҳниятсозӣ мекунанд, тарс ва ваҳшатро дар вуҷуди одамон ҷой менамоянд ва ба террористҳо дар таблиғи ҳадафҳои нопокашон ёрӣ мерасонанд.

Дар асри технологияҳои иттилооотӣ ҳамаи созмонҳои террористӣ дар васоити ахбори умум–шабакаҳои иҷтимоӣ аз сабаби осон дастрас буданашон фаъолият намуда, кӯшиш менамоянд, ки ақлу ҳуши ҷавононро ба даст оранд. Агар дар соли 1998 созмонҳои террористӣ дар шабакаҳои нав ташакулёфтаистодаи интернет ҳамагӣ 12 сомона, соли 2005-ум 4800 сомона, алҳол шумораи сомонаҳои интернетии гурӯҳҳои террористӣ ба 10000 расидааст. Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ сомонаҳои зиёди ахборӣ, ки бо созмонҳои террористӣ робитаи мустақим надоранд, аммо ғояҳои онҳоро меписанданд, бо тарзҳои гуногун амалҳои террористонро дастгирӣ менамоянд, афзудаанд, ки хеле хатарнок мебошад.

Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ ба афзори пурқудрати таъсиррасонӣ ба шууру тафаккуру рафтору кирдори ҷавонон, шаклбахшии афкори умум табдил ёфтаанд. Асосан тавассути ҳаросафканӣ таҳдиди ифротгароиро дар афкори омма хеле бузург шакл бахшиданианд. Бо роҳи талқини мунтазами ҳаросафканӣ, тундгароӣ ва таҳдидҳои он ба шууру тафаккури омма ин зуҳуротҳои номатлубро ба рамз табдил медиҳанду дар ҷомеа тасаввури қудрати фарогир будани терроризмро пайдо мекунонад. Махсусиятҳои интернет ба ин амал мусоидат менамоянд. Дастраси ба шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр осон буда, аз ҷойгиршавии ҷуғрофӣ вобаста нест. Номаҳдудии шумораи муштариён, суръати баланди интиқоли ахбор, маҳрамият дар шабака, мушкилии назорат аз тарафи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар интернет имкони фарохе барои ташкилотҳои ифротию террористӣ баҳри ба доми худ кашидани ҷавононро фароҳам меоранд.

Бо дарназардошти муҳиммияти шабакаҳои иҷтимои ҳамчун майдони амали фаъолонаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ба шаҳрвандон, субъектҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои давлатию ҳифзи ҳуқуқ лозим аст, кидар ин майдон мавқеи онҳоро танг намуда, вокуниш кунанд ва ба ҳамагон симои манфури ифротиёну террористонро нишон диҳанд. Бисёр муҳим аст, ки дар тафаккури шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, нисбати ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ назари маҳкумкунанда ташаккул ёбад.

Имрӯзҳо терроризм бештар тобиши динӣ касб намудааст. Террористон, мутаассифона, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирӣ, соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони динӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм – терроризми динӣ ба шумор меравад.

Хусусияти дигари терроризми байналмилалии Шарқ ба марзҳои миллӣ, минтақавӣ, ба нажод ва қавм аҳамият надодани он аст. Барои онҳо фақат масъалаи уммати исломӣ аҳамият дораду халос. Ин гурӯҳҳои террористӣ барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд.

Ҷое, ки беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ мавҷуд ҳаст, терроризм он ҷо реша медавонад. Хушунат ва таҳдид хусусияти хоси терроризм мебошанд. Онҳо ба як ваҳшонияти гӯшношунид кормандони давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайринизомиёнро қурбон мекунанд. Ҳангоми “бархӯрди тамаддунҳо” барои пайдоиши терроризм шароит ба вуҷуд меояд. Одатан, террористҳо афроди тундрав ва бераҳманду эътиқод ва афкори ифротӣ, динӣ ва қавмӣ доранд. Узвият дар созмонҳои террористӣ осон нест ва баромадан аз ин гурӯҳҳо низ хеле хатарнок аст.

Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва ғайра тақсим намудаанд.

Ҳаракатҳои терроризми миллатгаро баҳри истиқлол, озодӣ, ҳокимияти миллӣ мубориза мебаранд. Навъи дигари терроризм терроризми сиёсӣ аст, ки барои ба даст овардани дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ аз он истифода мекунанд. Ба ин кор гурӯҳҳои террористие даст мезананд, ки қудрати мухолифати сиёсиро надоранд.

Имрӯзҳо ба мавҷудияти инсон хатари зиёд таҳдид менамояд.  Ғайр аз бархӯрди манфиати абарқудратҳо, эътиқоди динӣ ва мазҳабии одамон мушкили дигарест, ки мутаассифона, аз тарафи созмонҳои террористӣ барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопок истифода мешавад. Ин эътиқодҳо боиси афзоиши нофаҳмӣ ва нооромӣ миёни одамон гардидааст. Тӯли таърих дар ҷомеаи инсонӣ одамон ҳеҷ гоҳ ба як дину як мазҳаб эътиқод надоштанд. Гаравиш ба ин дину мазҳабҳо бисёр вақт шудааст, ки падару писарро аз ҳамдигар ҷудо карда, онҳоро дар сангарҳои мухолиф муқобили ҳам кашидааст. Аммо воқеияти зиндагӣ тақозо мекунад, ки одамон новобаста аз эътиқод, мансубияти қавмию нажодӣ, бояд бо ҳам муттаҳид шаванд. Танҳо муттаҳидию ҳамбастагӣ шарти асосии раҳоии инсоният аз хатарҳои иҷтимоӣ ва табиӣ мебошад.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо вазифаи кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Имрӯз дар ҷаҳон терроризмро ба дини мубини ислом нисбат доданӣ мешаванд.Ин тарзи муносибат ғаразнок буда, мутаассифона, тарафдорони худро дорад. Оё бо ин айбгузории  бардурӯғ ба дини ислом ва фишору таҳқири мардуми мусалмон терроризмро маҳв кардан мумкин аст? Ҳаргиз не!

Ислом дини мубини парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз рафтори номатлубу зиддиинсонӣ нигоҳ медорад, сулҳпарвариро аз рисолати муҳими имонӣ медонад. Айнияти ислом ба терроризм ва экстремизм ғалати маҳз аст. Ҷавонон бояд намунаи одами муваффақро бубинанд ва ба ӯ пайравӣ намоянд. Манзурам он аст, ки воситаҳои ахбори омма барои ҷавонон идеал офаранд ва он симо боиси пайравӣ гардад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021) бисёр дурандешоона тазаккур доданд, ки “ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд”.

Тӯли таърих борҳо шудааст, ки худшиносии маънавиасос миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшидааст. Агар миллат ва фардҳои он маърифати таърихии маънавиасос дошта бошанд, бо донишу илмҳои пешқадами замон мусаллаҳ гарданд, пас ин гуна миллат аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна вазифаҳои мушкил баромада метавонад. Фаромӯш набояд кард, ки маънавиёт шаҳсутуни худшиносист.

Ба ташаккули хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ омилҳои зиёде таъсири манфӣ расонида метавонанд. Чунин хусусиятҳои манфии одамон, ба монанди худпарастӣ, манфиатҷӯйӣ, беномусӣ, бадхашмии беасос, муносибати беэҳтиромона нисбат ба давлату Ватан, дар вуҷуди одамон эҳсоси бегонапарастиро вусъат мебахшад. Дар шароити давлати соҳибистиқлол то кадом дараҷа хештаншинос будан ва сатҳи ҳувияти миллии баланд доштани ҳар як шаҳрванд барои тақдири давлату миллат беаҳаммият нест.

Хулосаи калом, арзёбии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии шаклгирифта дар Осиёи Марказӣ ва сари қудрат омадани созмони террористию экстремистии “Толибон” дар Афғонистон аз тақвияти таҳдидҳои нав ба сулҳ, субот ва рушди устувори минтақа шаҳодат медиҳад. Шумораи созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ меафзояд, сатҳи созмондиҳии онҳо баланд мешавад, ҳамкорӣ байни гурӯҳҳои алоҳидаи бунёдгаро тақвият меёбад, баъзан муттаҳидшавии кӯшиши онҳо барои дастёбӣ ба мақсадҳои хатарнок ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин, чуноне Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, вазифаи муҳимтарин ва мубрамтарини мақомоти дахлдор ва ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои нав аз тарафи терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ мебошад, ки барои ҳар яки мо ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Мирзо Ашӯров,
коршинос

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *