Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ шуд

Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ шуд.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола баргузор карда мешавад.

Дар Низомнома гуфта шудааст, ки сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ ва Саридораи геология мебошанд. Кумитаи телевизион ва радио, АМИТ «Ховар», нашрияҳои давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд”, омадааст дар Ннизомнома.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи ноябр ташкил ва гузаронида мешавад. Барои ғолибони даври чоруми озмун ҷоиза ва мукофоти зерин аз рӯйи 3 гурӯҳ ва ҳафт номинатсия муқаррар карда мешаванд:

Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дар байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияҳои иттилоотӣ ва ихтироъкорӣ ва навоварӣ барои як ҷойи якум 35 000 сомонӣ, барои 2 ҷойи дуюм 50 000 сомонӣ ва барои 2 ҷойи сеюм 30 000 сомонӣ муқарар карда шудааст.

Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун аз рӯйи 7 номинатсия соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, тибқи низомнома, барои ҷойи якум гирифтани шогирд ба устоди он 10 000 сомонӣ ва барои ҷойҳои дуюму сеюм гирифтани шогирдон ба 4 омӯзгор 40 000 сомонӣ мукофотпулӣ муқарар гардидааст.

Маблағи Шоҳҷоиза барои ихтироъкорон ва навоварон 70 000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар озмун шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантҳои ҳабилитат), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

Гуфта мешавад, ки донишу истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад. Як шахс танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар Паёми охири худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод намуда буданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Шакли электронии Низомномаи Озмун

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *