АОТ: 15-20 январ дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Аз 15 то 20 январи соли равон дар водиҳо боридани борон, аз  17 то 19 январ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ боридани борону барф пешбинӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши бошидати  барф дар назар аст. Инчунин аз 16 то 19 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Дар ин бора  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар дод.

Аз 15 то 20 январ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои мамлакат туман мефарояд. Дар ағбаҳо дурии биниш то 400 метр камтар дар назар дошта мешавад.

Ба гуфти Парвина Саидҷамолова, дар қитъаҳои шоҳроҳои нақлиётгарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ, Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Мурғоб яхбандӣ ва дар баъзе қитъаҳо тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин робита Агенти обҳуавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони пойтахт  хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо  аз сафар худдорӣ намоянд.

Ба таваҷҷуҳи  ронандагон мерасонем, ки воситаҳои нақлиёташонро  барои ҳаракат дар шароити барфу яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз  гардонида,  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар  манотиқи тармафаро фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *