«Оинадори нур»-раҳнамои бедорӣ

Ҳамарӯза соати 9:00 пахши барномаҳои Радиои «Фарҳанг» аз пешниҳоди навидҳои ҷолиби фарҳангӣ ва барномаи мустақими «Оинадори нур» оғоз мешавад. Шунидани ин барнома рӯзи шуморо зеботар ва хотирмон месозад.

Бо бахшҳои ҷолиби «Рози чархи кабуд», «Саволу ҷавоб» «Андарзи пирони маърифат» ва «Маслиҳати муфид» дар самти расидан ба саодати зиндагӣ маърифати шуморо воло мегардонем ва бо таронаҳои дилпазир рӯҳатонро менавозем.

Ҳамкорони мо устод Ҷонибек Асрориён, Гулистон Каримова, Ҳабибулло Урунбоев, Робияи Назир, Фарзонаи Ҷунайдулло, Файзиддин Қодиров ва Баҳринисои Муҳаммадҷон дар ин барнома шуморо ҳамроҳанд.

Рӯзи сешанбе фурсати ибрози назарҳои шумо оид ба сатҳи барномаҳои Радиои «Фарҳанг» пеш меояд ва дар барномаи мустақими «Иртибот» сармуҳаррири радио, устод Ҷонибек Асрориён хоҳишу дархостҳои шунавандагонро мешунаванд.

Бо мо бошед ва дар барномаҳои мо мустақиман ширкат варзед!

Телефонҳо барои тамос

ва ширкати шумо дар барнома: 2276286/2279594

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *