ОРАШ АЛОӢ: «Аз худмуолиҷакунӣ худдорӣ намоед!»

Ҳангоми  ба бемории сироятӣ гирифтор шудан аз  худмуолиҷакунӣ даст кашида, бе тавсияи духтур, худсарона дору истеъмол накунед, ҳавои хона ва утоқи кориро  тоза нигоҳ дошта, инчунин пӯшидани ду ниқобро фаромӯш насозед. Ин  тавсияро табиби эронитабори Амрико, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ,  зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз доштааст.

Табиб  зикр намуд, ки «агар тирезаҳои утоқи корӣ ё хонаҳоро кушода намонем, вирус  бештар  фаъол гашта,  ба атроф паҳн  мешавад. Мо бояд бештар аз кӯдакон эҳтиёт намоем, зеро яке аз манбаъҳои паҳншавии вирус маҳз онҳо мебошанд. Кӯдакон ваксина нагирифтаанд. Нишонҳои ин вирус дар онҳо монанди сармо хурдагӣ ё  зуком ба назар мерасад».

«Ду ниқоб бандед, агар бар зидди  коронавирус эм нагузаронида бошед, ҳатман ваксина гиред. Ҳар шахсе, ки гулӯдард,  бемадорӣ, ҳарорати баланд  ва  ё сулфа ҳам дошта бошад,  на камтар аз  10 рӯз дар хона бимонад ва алоқаашро бо дигарон кам карда,  фосилаи иҷтимоиро риоя намояд»,- таъкид намуд номбурда.

Тавре Ораш Алоӣ изҳор намуд,  «илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо, аз ҷумла ваксинаи COVID-19 муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам ҳастанд. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки аз ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, истифода кунед ва ҳеҷ кас манъияте надорад, ки аз ваксина задан манъ шавад, магар касоне, ки дар ҳоли ҳозир худашон бемор бошанд. Пас агар шахсе, ки ҳатто дар гузашта бемориро гузаронидааст, ӯ низ метавонад ваксина занад. Суоле, қи ҳамеша аз ман мепурсанд ин аст, ки касоне бемориҳои, дил, диабет, раг ва ё гурда доранд метавонанд ваксина зананд? Бале, онҳо бояд ваксина гиранд. Чунки онҳо бемориҳои музмин доранд ва ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд. Шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд ба намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр мулоим паси сар мекунанд».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *