Осорхонаи Эрмитаж намоишгоҳи доимии император Пётри I-умро боз намуд

14 январ Осорхонаи Эрмитаж намоиши доимии “Галереяи Пётри 1-ум”-ро боз намуд, ки дар он чизҳои шахсии император, асарҳои санъат ва ашёи замони Пётри Кабир гирд оварда шудаанд, дар ин бора хабар дод ТАСС.

Гуфта шудааст, ки ифтитоҳи намоишгоҳ ба якчанд санаҳои фаромӯшнашавандаи марбут ба Петри I – 300-солагии эълон шудани империяи Россия, 300-солагии имзои Шартномаи Ништадт ва анҷоми ҷанги шимолӣ, инчунин огози ҷашни 350-солагии рӯзи таваллуди Пётри Кабир марбут аст.

«Имрӯз мо галереяи Пётри I, толорҳои аввалини онро ботантана кушодем. То охири сол тамоми толорҳо ба итмом мерасанд, гуфтааст дар маросими кушодашавии намоишгоҳ директори генералии Осорхонаи Эрмитаж Михаил Пиотровский.

Вай гуфтааст, шарик ва сарпарасти ин тарҳ ширкати «Газпром» мебошад, ки дар харидории витринаҳо кумак кардааст ва дар тарҳҳои барқарорсозии Эрмитаж низ ёрӣ расонидааст. Пиотровский гуфтааст, ки дар давоми сол осорхона бахшида ба Пётри Кабир як катор чорабиниҳо ба накша гирифтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *