ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ ДАР СОЛИ 2020» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Вазорати маорифи мамлакат бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020″ озмуни «Беҳтарин муассисаи таҳсилоти умумӣ дар соли 2020″-ро таҳти унвони «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» ҷамъбаст намуд. Ҷойи аввал ба муассисаи таҳсилоти умумии №58 шаҳри Ваҳдат бо гирифтани 234 хол, ҷойи дуюм ба муассисаи таҳсилоти умумии №12 ноҳияи Рашт бо гирифтани 228 хол ва ҷойи сеюм ба муассисаи таҳсилоти умумии №7 шаҳри Турсунзода бо гирифтани 224 сазовор дониста шуд.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, моҳи ноябри соли 2020 дар 390 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳрҳои Турсунзодаю Ваҳдат ва ноҳияи Рашт даври якуми озмуни “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти умумӣ” таҳти унвони «Ташаккули тарзи ҳаёти солим» гузаронида шуда, аз ноҳия ва шаҳрҳои зикршуда 9 муассисаи беҳтарин (Турсунзода – 3 муассиса, Ваҳдат – 3 муассиса, ноҳияи Рашт – 3 муассиса) ба даври ниҳоии озмун пешниҳод гардиданд.

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илм ҳайати ҳакамони озмун барои ҷамъбасти даври дуюм (ниҳоӣ) аз муассисаҳои таълимии №№7, 75 98-и шаҳри Турсунзода, №№58, 30 ва 71-и шаҳри Ваҳдат, №№2, 12, ва 25-и ноҳияи Рашт дидан карда, ба корҳои дар ин самт анҷомёфта баҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бори аввал ба таври таҷрибавӣ танҳо дар се шаҳру ноҳия доир гардид. Озмун дар ҳамкорӣ Вазорати маориф ва илм, Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол ба ҳамсол» гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *