Сармуҳаррир

Ҷонибек  Одилпури  Асрориён

    Ҷонибек Асрориён оли 1960 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи таърихи ДМТ мебошад. Дар солҳои 1981 — 1987 ассистент, муаллими ДДОК ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, солҳои 1987 – 91, коромӯз ва аспиранти факултаи таърихи ДМТ буд. Дар мавзӯи «Ёдгориҳои маданӣ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ» рисолаи илмӣ навиштааст.     Ба ҳайси муаллими калони кафедраи  фалсафаи фарҳанги ДДОТ бо номи С. Айнӣ (1991), сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» (солҳои 2002 — 2005, (2007 — 2014) кор кардааст. Феълан, сармуҳаррири радиои «Фарҳанг» мебошад.

Ҷонибек Асрориён муаллифи беш аз сад мақоламебошад, ки дар рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногуни ватанию хориҷӣ нашр шудаанд. Ҳамзамон, ӯ  муаллифи китобҳои:

— Фидоиён (бо ҳаммуалифии С. Ҳасанзод) — Кўлоб, — 1991, – 46 с.

— Авроқи рангини Кӯлоб — Кӯлоб, — 1992, – 78 с.

— Кишвари пешорӯйи хуршед — Душанбе, — 1992, – 98 с.

— Мавод доир ба назарияи фарҳанг (китоби дарсӣ) — Душанбе, — 1994, – 112 с.

— Пӯяндагони ҳикмати фарҳанг — Душанбе, — 2002, – 78 с.

— Тоҷикон: миёни хиёнату хун — Душанбе, — 2008, — 146 с.

— Ин заминро арҷ аз арш аст — Душанбе, — 2009, — 194 с.

— Босмачизм ва Болшевизи: воқеият ва таҳриф, — Душанбе, — 2010, — 235 с.

— Гӯрғулӣ (Гузориш ва нигориш), — Душанбе, — 2010, – 180 с.

— Чили Чилла ва Панҷоҳи нишон, — Душанбе, — 2011, — 71 с.

— Тахти Сангин (Бо ҳаммуаллифии М. Азизов),  — Душанбе: Ирфон, — 2012, — 87 с.

Навиштаҳояш бо унвони «Хатлон: Ёдгориҳои таърих ва маданият» ва «Моҳрӯзи ниёгон» (аз таърихи гоҳшумории мардумӣ) дар дасти чопанд. Дар тӯли фаъолият дар тарғиби худшиносӣ ва ватанпарастӣ саҳм гирифта осори ниёгонро муаррифӣ менамояд.

Ӯ муаллифи филмномаҳои мустанади телевизионии «Кулон», «Нозкӯл», «Ҳулбук», «Саразм», «Диёри Деваштич», «Фалғар», «Чоргул», «Раштонзамин», «Тахти Сангин», «Чорсӯ», «Авранги муҳаббат», «Рӯдакиёна», «Эмомаскара», «Сангтӯда», «Висагирд», «Кишвари мўъҷизаҳо», «Меғатон», «Кишвари пешорӯйи хуршед»,  «Пушинг», «Дар домани кӯҳи Бобои Об», «Фарзанди диёри нур», «Чароғони рӯзи испанд», «Наврӯз», «Баюгонӣ», «Чакан», «Шаби арӯсӣ», «Чилла», «Гурғӯлӣ», «Як каф дуо», «Бобунаи ормонҳо», «Зеби садҳо достон», «Сада», «Мастчоҳ» мебошад.

Ҷонибек Асрориён ҷоизадори фестивалҳои байналмиллалӣ, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ, Аълочии фарҳанги ҶТ, Аълочии матбуоти ҶТ, Аълочии телевизион ва радио (соли 2009), Аълочии маорифи ҶТ (соли 2010), «Беҳтарин журналисти радиоӣ  — 2012» аз озмуни «Ҷило», Барандаи ҷоизаи журналистон: «Радио — расонаи зиндагӣ-2008» мебошад.