СИПОС БА УСТОД АСРОРИЁН

ё чӣ тавр ман корманди радиои “Фарҳанг” шудам?

Даврони донишҷӯӣ дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сипарӣ мешуд. Ҳангоме, ки дар курси дуюм таҳсил мекардам, дар раванди таҳсил аз мо кори курсӣ талаб мекарданд. Роҳбари ман дар ҳимоя ва навиштани кори курсӣ сарпараси гурӯҳамон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода буданд.

Ман кори курсии худро дар мавзӯи “Радиои Фарҳанг ҳамчун минбари афкорсоз” интихоб кардам ва талабот ҳамин буд, ки чанд барномаи ин радиоро шунавида, таҳлил намоям. Ҳарчанд мавҷи радиои “Фарҳанг” (106.5 FM) дар телефони дастиам дастрас буд, хостам бо муаллифони барномаҳои ба риштаи таҳлил мекашидаам, аз надик шинос шавам ва маълумоти бештар ҷамъоварӣ намоям.

Аз роҳбарам Илҳомҷон Ҳамидиён чӣ гуна ба радиои “Фарҳанг” роҳ ёфтанамро пурсидам, то ки ин мақсадамро амалӣ намоям. Ӯ ба ман рақамҳои сармуҳаррири ин шабакаи радиоӣ Ҷонибек Асрориёнро пешниҳод карданд. Бо сармуҳаррири ин шабакаи шинохта, донишманде, ки нуфузи баланд доштанд,, дар тамос шудаму ҳадафамро гуфтам. Устод бо лаҳни ширадор, гуё, ки дер боз якдигарро мешиносем, маро ба назди худ даъват намуданд. Аз ин муомилаи устод хеле хурсанд шудам ва ҳамон замон бархостаму ба наздашон рафтам.

Вақте бо устод Асрориён аз наздик ҳамсуҳбат шудам, дарёфтам, ки радио тамоман мактаби дигар будааст ва аз он ҳатман бояд гузарам. Ҳамаи он маълумотҳоеро, ки оид ба ин шабака донистан мехостам, устод нақл карданду чанд ҳуҷҷатеро ҳам барои ошноии бештар дар пешам гузоштанд. Баъди ин ба устод пешниҳоди ҳамкорӣ кардам, ки хушбахтона дархостамро қабул кардаву ҳамон лаҳза бо кормандони идора шинос карданд.

Муносибати гарм ва чеҳраи кушодаи аҳли заҳмати ин идора таваҷҷуҳи маро ба кори радио бештар ҷалб кард. Нахуст бо муаллифу муҳаррири чандин барномаҳо Ҳабибулло Урунбаев дар хусуси чӣ гуна таҳияву омода кардани барнома суҳбат кардем. Ҳабибулло пешниҳод кард, то барномае мураттаб созам, ки соҳаи технология ва дастовардҳои онро инъикос намояд. Аз паси таҳияи лоиҳаи барнома шудам.

Дар оғоз сохтани радиобарнома бароям бисёр мушкил буд, чунки ягон маротиба ин корро накарда будам. Бинобар ин, чандин барномаҳоро гӯш кардам ва давоми ҳафт лоиҳаи барномаро сохта пешниҳоди сармуҳаррир намудам. Устод сохтор ва банду басти ҷузъёитҳои барномаро диданду чанд ҷояшро ислоҳ карданд ва ба дастам доданд. Ҷолиб он буд, ки бо он ҳама камбудиву нуқсоноте, ки дар лоиҳаи барнома ҷой дошт, устод “оҳанро дар гармиаш мекӯбанд” гӯён маро руҳафтода накарда, ба сабти барнома фиристоданд. Номи барнома “Фарҳанги муосир” гузошта шуд, ки то имрӯз бо ин кӯлоҳ пахш мешавад.

Вақте сабту танзим кардем, устод Асрориён онро гӯш карданд. Ростӣ, умед надоштам, ки онро пазиранд, вале ғайричашмдошт гуфтанд қабул аст, вале бо як шарт. Бояд барномаи дигар аз ин беҳтар барояд. Ин буд талаби устод. Бо хушнудӣ инро қабул кардам. Аз он рӯз ҳамкории ман бо радиои “Фарҳанг” оғоз шуд ва ҳар рӯз пас аз дарси донишгоҳ ба ин радио меомадам.

Агар дар донишгоҳ мавзӯъро дар шакли назариявӣ меомӯхтем, дар амал таҷриба кардани он барои ман дар радио имкон дошт. Дар рафти ҳамкорӣ бо кормандони идора наздиктар шинос мешудаму бо ҳар яке унс мегирифтам. Онҳо маро ба бахшу барномаҳои худ ҷалб мекарданд, то ки корро беҳтару бештар омӯзам.

Борҳо аз худ мепурсидам, ки аллакай барои ҳамкорӣ бо ин радио роҳ ёфтам, вале кай ҳамчун корманди расмӣ ба сафи онҳо ворид мешуда бошам. Ин савол ҳам ба зудӣ посухашро ёфт. Як рӯз ногаҳон дар назди дар бо устод вохӯрдем ва он кас аз ман пурсон шуданд, ки дар радио озмун аст, ту ҳуҷҷатҳоятро пешниҳод кардӣ? Ман гуфтам, ки не ҳоло. Устод каме нонорзӣ шуда, зуд пешниҳод кун, боварӣ дорам, ки аз озмун мегузарӣ ва коргари расмӣ мешавӣ, гуфтанд.

Баъди ин гуфтугӯи кӯтоҳ дарҳол, ҳуҷҷатҳоямро ҷамъ кардаму бурда ба масъулин супоридам. Рӯзи санҷиш ҳам фаро расид. Ҳаяҷон, эҳсосот ва чанди фикрҳои дигар дар сарам чарх мезаданд, чунки бори аввал дар чунин озмун ширкат мекардам. Чун навбати ман расид, даромадаму ба саволҳои доварон то қадри имкон ҷавоб додам. Хушбахтона, азбаски аллакай бо радио ҳамкорӣ доштам, саволҳо бароям осон буданд. Шабу рӯз мунтазири натиа мегаштам.

Як рӯз аз Кумитаи телевизион ва радио зангам заданд, чун гирифтам, хушхабар доданд, ки ба ҳайси муҳаррири радиои “Фарҳанг” ба кор қабул шудам. Вақте ин хабарро шунидам, чӣ гуна ташаккур гуфтанамро надониста мондам ва шурӯъ аз фардои ҳамон рӯз ҳамчун корманди расмии радио корро дар ин идора шуруъ кардам.

Хеле ҷолиб аст, вақте заҳматҳоят қадр мешаванду ниҳоли бо машаққа парвардаат бор меорад. Маҳз роҳнамоиву дастгириҳои беғаразонаи устод Ҷонибеки Асрориён боис гардид, ки ман ба ҳайси муҳаррири радиои “Фарҳанг” ба кор қабул шудаму имрӯз дар паҳлӯи ин марди шариф фаъолият дорам. Бо истифода аз ин минбари хонданӣ ба устод Асрориён миннатдории самимии худро байн мекунам.

Насимҷон МИРЗОЕВ,

муҳаррири радиои “Фарҳанг”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *