Суҳбати Сафири Тоҷикистон бо донишманди тоҷиктаборӣ ӯзбекистонӣ

13 январи соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо олим, нависанда адабиётшинос, мутарҷим ва рӯзноманигори шинохтаи самарқандӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2003) Аслиддин Қамарзода доир гардид, хабар дод сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

дар матни хабар омадааст, ки «онишманди шинохта А. Қамарзода китобҳои тозанашри худро, ки ба равобити адабии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вобаста мебошанд, ба Сафир ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуд.

Муаллиф дар ин маҷмуаву баёзҳо ва рисолаву пажӯҳишҳо осори пурарзиши адибони гузашта ва муоссири тоҷикро ҷамъоварӣ карда, ба аксари шоирони тоҷику ӯзбек дар жанри мухаммас назираи ҷавобӣ гуфтааст. Дар китоби “Самарқанд нолаи Амрико” бошад, дар бораи адибони тоҷик, ки дар Амрико кору фаъолият мекунанд, маълумот додааст. Китобҳои мазкур барои дӯстдорони назми тоҷик беҳтарин туҳфа мебошанд».

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфтааст, ки китобҳои мазкурро рӯзҳои наздик ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ирсол менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *