Таърих

Радио  расонаи муҳиму  фарогиру дастрас аст, ки дар ду қарни охир  рисолаташро дар таъмини  иттилоот, маънивиёт ва  фароғати  аъзои ҷомеа роҳандозӣ дорад. Радиои Точикистон дар тўли  90- сол ба тамсила ба дарахти бузурге табдил шуд, ки ҳар шохааш фарогиртару самараноктар  аз дигар  аст. Яке аз шохаҳои сербору сарсабзи  он «Фарҳанг» ба шумор меравад, ки  дар даврони  сохибистиклолӣ дар як гардиши мусоиди  таърихӣ ба мавҷи умумӣ пайваст  ва дар ҷомеаи Тоҷикистон мақоми сазовор пайдо кард.  Бо таъсиси шабака фазои  иттилоотӣ ғанитар гардид ва дару дарвозаҳои тозаи эҷодӣ бозтар шуд. Дар замони таҳоҷуми фарогири фарҳангӣ дар солимгардонии фазои иттилоотию  маърифатӣ нақше бориз гузоштанд. Дар шинохти фарҳангӣ бисёрасраи миллат ва худшиносию ватанпарастӣ мақоми хоса ёфт. Радиои «Фарҳанг  чун таблиғгари адабиёт ва  фарҳангу ҳунари асил бо барномаҳои  иттилоотӣ, адабӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ ва таҳлилӣ  ҳамарўза дар фазои Точикистони озода,  болафшон рў ҷониби дилҳои бедор дорад.

Радиои  «Фарҳанг» 5-ноябри соли 2008 аз тарафи директори замонии   Радио журналисти варзида Абдуқодир Талбаков (Абдуқаҳҳор) дар асоси маводи хазинаи тиллоии  радио созмон ёфта,  сармуҳаррири вақти он коргардон ва ровии хушсадо шодравон Хайруллои Иброҳим буданд. Шурўъ аз соли 2013 сармуҳарририи он ба зиммаи  номзади илмҳои таърих, фарҳангшинос, узви ИНТ,  Ҷонибек Асрориён афтод.

Шабакаи  «Фарҳанг» аз рўйи низомнома ва реҷаи ба худ хос  бо қувваи эҷодии 24-нафараи худ  фаъолияти пурсамари эҷодӣ доранд. Барномаҳои фарҳангӣ –фароғатӣ, адабӣ, тафреҳию таҳлилӣ  ва озмунӣ ҳамарўза руйи мавҷи сартосарии  106, 5 FM дар хизмати аҳли завқанд. Айни ҳол шумораи барномаҳои оригиналии шабакаи  «Фарҳанг»  ба 30  мерасад  ва  ба самту сўи худ, бо шакл ва  услубу роҳу равиши хоса, ҳадафмандона  мустақиман ва бо тарзи  таҳияшуда ба мавҷ мебароянд. Дар баробари молу мавод ба мисол хонишҳои адабӣ, радиотеатрҳо, хонишҳои бадеии инсенеровкашуда, хонишҳои назмӣ: рубоию дубайтиҳо, ҳикояҳои хурди ҳаҷвӣ  аз хазинаи тиллои Радио истифода бурда, ҳамарўза аз панҷ то хашт соат  барномаҳо бо захмати муҳаррирон, аҳли қаламу афкору андеша ва коргардонҳои соҳибзавқ тахия ва пешниҳоди шунавандаҳои синну соли гуногун мегарданд.

Дар баробари барномаҳои рў овардан ба дороиҳои маънавии миллат, иттилоот, тафреҳию таҳлилӣ, риояи умури давлатӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанги матбахи миллӣ, ҳунарҳо ва  пўшоку пар ва ғайра, бо шунаванда иртиботи қавӣ ҷустан аз афзалиятҳои радио мебошад. «Радиомарафон»- таҳти унвони «Фарҳанги  сахо» соли 2018  бахшида ба Наврўзи байналмиллаӣ дар ҳаҷми 8-соат мустақиман бо иштироки мехмонон аз гўшаву канори ҷумҳурӣ, мусоҳибон дорои касбу кори гуногун аз сохторҳои ҳархела, ширкати фаъоли иштирокчиёну голибони радиоозмуни «Пайки баҳор»  ва ба ин васила дар рўзҳои наврўзи навбаҳор шод гардонидани бачагони бепарастор таҷрибаи наву тозае буд дар  фаъолияти кории  радио.

Радиои «Фарҳанг» дар озмуну назарсанҷиҳои зиёде чун радиои маҳбубу шуниданӣ эътироф шудааст. Масалан, соли 2018 озмун- пурсише, ки аз тарафи ҳафтаномаи  «Миллат» гузаронида шуд радиои  «Фарҳанг» унвони «Радиои сол»-ро шарафёб шуд.