ТОҶИКФИЛМ: Ба таваҷҷуҳи муассисаҳои эҷодӣ ва филмноманависон мерасонад!

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба хотири таҳия ва наворбардории филмҳои гуногунжанр дар соли 2022 бо мақсади инъикоси созандагию бунёдкорӣ, дастоварду пешравиҳои давлатдории миллӣ, то 30-юми январи соли 2022 филмномаҳоро қабул менамояд, дар ин хусус хабар дод сомонаи расмии»Тоҷикфилм»

Дар матни эълон омаддаст, ки филмномаҳо барои филмҳои ҳунарии таърихӣ, бадеии кӯтоҳ, филмҳои тасвирию кӯдакона, филмҳои мустанад ва таълимию маърифатӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, қабул карда мешаванд.

Маълумоти бештарро тариқи телефонҳо, почтаи электронии зерин ва сомонаи расмии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» гирифтан мумкин аст:www.tojikfilm.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *