ЗАРАРИ ТАМОШОИ СИЛСИЛАФИЛМҲО

Эҳтимол аст, ки силсилафилмҳо барои мардуми беҳадафу бекор ҷӯр шуда бошанд ва онҳо назди телевизор нишинанду соатҳо ба тамошои сериалҳо машғул шаванд. Албатта, андешаи мазкур аз он ҷо сарчашма мегирад, ки имрӯзҳо ҳазорон ҳазор мардум побанди тамошои сериалҳо шудаанд ва ҳатто соатҳо назди оинаи нилгун нишаста намедонам қисмати 1000-уми кадом як силсилафилмро интизор шудаву тамошо мекунанд.

Мисоли рӯшан дар ин маврид метавонад побанд шудани ҳазорон марду зани тоҷик ба тамошои филмҳои пурқисмати туркиву ҳиндиву ҷопониву амрикоӣ бо забони форсӣ бошад, ки имрӯзҳо тариқи моҳвора шабакаҳои эрониву афғонии бурунмарзӣ намоиш медиҳанд. Ҳатто, зани як замон пуркори тоҷик соати оғоз шудани сериали дӯстдоштааш ҳама кори хонаро канор мегузораду медавад самти телевизор ва дигар парвое надорад, ки фарзанди хурдаш дар хона бо об мувоҷеҳ мешавад ё бо оташ.Фазо аз ин силсилафилмҳои хориҷии тарҷумашуда пур шудааст ва дар баробари силсилашабакаҳои форсии маъруф ба Ҷем марказҳои алоҳида дар Тоҷикистон ба тарҷумаву нашри филмҳои туркиву ҳиндӣ машғуланд.Агарчӣ назар ба чанд соли камтар шудааст, вале ҳоло ҳам интернет аз ин гуна филмҳо лабрез аст.Дар бораи забони тарҷума ва ҳусну қубҳи ин филмҳо чизе намегӯем.

Ҳадафи мо имрӯз комил дигар чист.Дар он маврид гуфтанием, ки имрӯзҳо аз набудани силсилафилмҳои тоҷикӣ мардум бештар ба тамошои силсилафилмҳои хориҷӣ иштиёқманданд. Шояд мардуми тоҷик аз «Тоҷикфилм» барои бори охир силссилафилмҳои нисбатан баландмазмуну на он қадар серқисмати «Дар орзуи падар» ва «Ширин»-ро дар хотир дошта бошанду халос. Дилхаставу дилканда шудани коргардонҳои ҳирфавии синамои тоҷик аз силсилафилмофарӣ ба ғайрикасбиҳову коргардонҳои нохондаи аҳли кӯча минбару дастгоҳ барои силсилафилмофарӣ фароҳам овард.Дигар дар фазои интернет силсилафилмҳои Донжуану Мугамбо барин дар нохунак коргардонҳо бо номҳои «Меҳмони нохонда», «Арӯси замонавӣ», «Домоди замонавӣ», «Ишқ пул, хиштег, Душанбе», «Маска», «Муллобача», «Ҳамсояи маккор» ва амсоли инҳо 100-ҳо дигар паҳну пареш гардиданд, ки бо таасуф бинандаи зиёд доранд. Шарҳгоҳи ин филмҳои аз касбияту ахлоқ фарсахҳо дур саршори аҳсану офарини бинандаи ютубу дигар сомонаҳои иҷтимоӣ аст. Ҳатто, машҳуртарин ҳунармандони синамои мо дар ин филмҳои фачу аз маънӣ дур нақшофарӣ кардаанду кардаистодаанд.Мо дар ин бобат баҳсу барномаҳои алоҳидаи пурвокуниш ҳам доштем.

Нақшофарии ҳунармандонеро мебинем, ки чанд сол пеш дар пурмаънитарин филмҳои тоҷикӣ нақшофарӣ кардаанд. Ҳузури ин ҳунармандони номвар барои тамошобини тоҷик ин силсилафилҳои дар асл фачро намунаи олии филмофарӣ ҷилва медиҳад.Албатта, дар соҳаи филмофарии тоҷик мушкилоти зиёди моддӣ ва маънавӣ вуҷуд дорад, вале ин маънои онро надорад завқи тамошобини тоҷик ба ҳадди лозима поин фарояд.

Ҳамакора шудани коргардони тоҷик мушкили дигари синамои тоҷик аст. Вақте ки коргардони филмҳои тоҷикӣ ҳам муаллифи сенария, ҳам оҳангсоз ва ҳам нақшофари филмаш мешавад ин боиси коста шудани сатҳи филм мегардад. Ҳама ҷои интернет аз ин гуна филмҳои сатҳи хеле паст пур шудааст.

Аслан қабл аз он, ки синамои тоҷик силсилафилмофар шавад бояд сатҳи филмҳои яксоатаву якуминимсоата ё филмҳои кутоҳметражро ба авҷи аъло барорем. Вале ҳоло ки фазои мардуми аз силсилафилмҳо бегона пур шудааст бояд синамои тоҷик кӯшиш намояд, ки дар сатҳи даркорӣ силсилафилмҳо низ биофарад ва вобастагии мардумро аз тамошои силсилафилмҳои бегона ва тақлид ба оинҳои ғайр камтар созад. Ҳамин аст раҳи наҷот, ки гуфтем.

Бахтиёр Раҳмониён,

рӯзноманигор

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *