РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон: Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд

Тибқи Қарори раиси вилояти Хатлон аз 9-уми марти соли 2022 таҳти №154 барои ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ “Тоҷикистон ватани азизи ман” 188 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Ин маблағ нисбат ба соли гузашта 26 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иттилоъ дод рӯзномаи «Хатлон».
Бояд гуфт ки дар даври аввали ин озмун дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят 913 нафар иштирок доштанд. Аз ин 497 нафаршон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Бо супориши муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Матлубахон Саториён сар карда аз 25-уми июли соли равон даври вилоятии ин озмун оғоз гардида, то рӯзи 1-уми август идома мекунад.

Ҳайати ҳакамон, ки таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидов мебошад ба ҳунару маҳорати довталабони озмун баҳои баланд дода, танҳо беҳтаринҳоро ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат медиҳанд.
Озмуни мазкур аз се шоҳҷоиза иборат буда, ҳар яки он аз 50 ҳазор сомонӣ иборат мебошад. Дар умум аз вазорати молияи ҷумҳури бо Амри Презезидент мамлакат 2 540 000 (ду миллиону паҷсаду чил ҳазор) сомонӣ барои қадрдонии ғолибони озмун аз даври якум то ба даври ниҳои ҷудо карда шудааст.
Ёдовар мегарде, ки озмун бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон доир гардида,ҳадафи аз баргузории он дарёфти чеҳраҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати сарояндагиву навозандагӣ ва эҷодкории ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба шумор меравад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram