РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Дар Малайзия ҷомаи нодири таърихии Суғд нигоҳдорӣ мешавад

Дар Малайзия ҷомаи нодир аз Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳ дошта мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бора зимни баргузории Конгресси VI байналмилалии Ҷамъияти ҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва оммавигардонии мероси фарҳангии Узбекистон, ки 23 июли соли равон дар Самарқанд баргузор шуд, маълум гардид.
Дар бораи ин ҷомаи нодир сармутахассиси Осорхонаи санъати исломии Малайзия Ҳеба Наел Баракат иттилоъ дод.

«Ин ягона ҷомаи суғдӣ дар ҷаҳон аст, ба монанди он дигар боқӣ намондааст. Дар остини ҷома нақши аспҳои болдор бо дарахти ҳаёт дар зери сумҳояшон тасвир шудааст. Рангҳои матоъро ҳоло ҳам шинохтан мумкин аст— сабз, сурх, кабуд, зардтоб, инчунин расмҳо дар шакли медалйонҳо тасвир ёфтаанд. Дар деворҳои шаҳраки бостонии Самарқанд – Афросиёб деворнигораҳо (наққошӣ дар гаҷҳои тар, яке аз усулҳои рангкунии девор) ёфт шуданд, ки дар онҳо як гурӯҳ одамон маҳз бо ин гуна ҷомаҳо тасвир шудаанд. Афросиёб-шаҳраки қадимие бо масоҳати беш аз 200 гектар бо намуди анбӯҳи теппаҳои зарду хокистаррангест, ки дар қисмати шимолии Самарқанди муосир ҷойгир аст», — гуфт манбаъ.
Афросиёб харобаҳои Самарқанди бостонӣ маҳсуб мешавад. Дар асри XVII харобаҳо ба ифтихори шоҳи афсонавии Тӯрон- Афросиёб, яке аз қаҳрамонони афсонавии достони «Шоҳнома»-и шоири тоҷику форс Фирдавсӣ ин номро гирифтаанд.
Суғд вилояти таърихии қадимӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар қисмати шарқии дарёҳои Омӯ ва Яксарт, дар маркази водии Зарафшон ҷойгир аст. Аз асри IХ бахше аз Мовароуннаҳр ва давлати Сомониён номида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram