РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филми «Бачаи обӣ»

Филми «Бачаи обӣ» якбора ба се ҷашнвораи байналмилалӣ ба Русия даъват шуд
Дар ҳоли ҳозир сафари филм аз ҷашнвораи байналмилалии «Екатеринбург» оғоз мешавад, ки қарор аст аз 12. 08 то 17.08. 2022 дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор шавад ва дар назар аст, филми тоҷикии “Бачаи обӣ” дар он иштирок мекунад. Дар ин бора коргардони филми мазкур Файзулло Файзов хабар дод.
Муаллифи ғояи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин, Соро Собир иҷро кардаанд.
Филм дар бораи тағйирёбии иқлим, хушкшавии баҳру дарёҳо, муносибати одамон бо табиат дар мисоли писарбачае, ки дар деҳаи Моҳигирон зиндагӣ мекунад ва вақти зиёдашро дар назди баҳре мегузаронад, ки оқибат камоб шуда, моҳиёни он кам мешаванд, қисса мекунад.

То имрӯз филми мазкур дар беш аз 10 ҷашнвораи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидааст. Аз ҷумла, филм қаблан дар Бангладеш, Испания, Швеция, Ҳиндустон, Казахстан, Англия, номинация Никаи Руссия, наминация Asia Pacific Screen Awards Австралия иштирок ва соҳиби ҷоизаҳо гардида буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram