РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шаҳрванди Тоҷикистон беҳтарин олими ҷавони ИДМ дониста шуд

Шаҳрванди Тоҷикистон беҳтарин олими ҷавони ИДМ дониста шуд
Шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯи нашри V китоби байналмилалии асарҳои беҳтарин олимони ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар номинатсияи «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ — 2022» соҳиби дипломи дараҷаи аввал гардид. Дар ин аз маркази матбуоти Хонаи Русия дар Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати ҳакамон ба кори чашмшиноси 26-сола таҳти унвони «Такмили системаи баҳодиҳии қобилияти биноӣ дар кӯдакони синни томактабӣ ва кӯдакони кару гунг» баҳои баланд додаанд.

Ҷонназаров бо роҳбарии академики Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои тиб, профессор Сергей Аветисов тадқиқот гузаронидааст.
Илова бар ин, ӯ беш аз 30 мақолаи илмӣ навишта, ду маротиба квотаи ҳукумати Русияро гирифтааст: барои ординатура дар Донишгоҳи РУДН ва аспирантура дар Донишгоҳи овозадори давлатии тиббии Маскав ба номи И. М. Сеченов (Донишгоҳи Сеченов).
Бояд гуфт, ки нашри V-уми китоби байналмилалии осори беҳтарин олимони ҷавони ИДМ аз ҷониби Анҷумани байналмилалии олимони ҷавон бо дастгирии Анҷумани Ҷунбиши умумимиллии «Бобек» (Қазоқистон) ташкил карда шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram