Тоҷикистону Португалия бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии худ эъломияи муштарак имзо карданд
5 августи соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Жоао Гомеш Кравино эъломияи муштарак бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар ба имзо расониданд. Дар ин бора радиои «Фарҳанг» бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар он ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи тарафайн дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро зикр намуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.