“Ишқи ман-тақдири ман”-и ҳунармандони Узбекистон дар саҳнаи театри Тоҷикистон намоиш дода шуд
Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати ҳунарии Театри мусиқӣ-драмавии вилояти Сурхандарёи ба номи Маннон Уйғури Ҷумҳурии Узбекистон намоишномаи драматруг Х. Хурсандов зери унвони “Ишқи ман-тақдири ман”-ро рӯзи 7 августи соли равон дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов манзури тамошобинони тоҷик гардид. Дар ин бора хабарнигори мо аз макони баргузории намоиш хабар дод.
Намоиши таъсирноку омӯзанда зиндагию ормонҳои як зани матиниродае, ки се фарзандашро ба танҳоӣ ба воя мерасонад дар бар мегирад. Мавзуи оиладорӣ, мавқею мартабаи оила дар ҷомеа, пошхӯрии оилаҳо ва оқибати он дар меҳвари намоишнома қарор дорад.
“Ишқи ман-тақдири ман”
