2 августи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба амалисозии лоиҳаи нави Агентии рушди байналмилалии ИМА дар Тоҷикистон (USAID) “Биё, ҳамроҳ омӯзем” доир гардид, ки Ёддошти тафоҳумро вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва роҳбари ЮСАИД дар Тоҷикистон Питер Райли имзо намуданд. Дар ин хусус аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими баимзорасонӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, роҳбари лоиҳаи нави ЮСАИД “Биё, ҳамроҳ омӯзем” Филип Батерфил, муовини роҳбари лоиҳаи нави ЮСАИД “Биё, ҳамроҳ омӯзем” Накҳат Абдулафизов, мудири шуъбаи маорифи ЮСАИД дар Вашингтон Эвилин Ҷонс ва дигар намояндагони ҳарду ҷониб иштирок намуданд.
Манбаъ афзуд, ки лоиҳаи “Биё, ҳамроҳ омӯзем” як ҷузъи таркибии барномаи кумаки техникиву иқтисодии Ҳукумати ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи лоиҳаи “Њамроњ бихонем” аст. Кумаки дар доираи лоиҳа пешниҳодгардида, дар маҷмуъ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла беҳтар намудани сифат ва аҳамияти таҳсилот ва тақвияти идоракунии низоми таҳсилот дар ҳамаи сатҳҳои низоми маориф дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.