РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Дар Осорхонаи миллӣ намоиши “Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик” ифтитоҳ гардид

11 августи соли 2022 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба яке аз навъҳои санъати тасвирӣ – миниатюра зери унвони “Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик” намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус радиои «Фарҳанг» бо такя ба осорхонаи мазкур хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ифтитоҳи намоиш муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — Назариён Обид Одилзода, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ — Аҳлиддин Ибодуллозода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — Низом Қосим, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон – Ҳамидова Наргис, ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – Одиназода Бахтиёр, намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун», Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Покистон, САҲА ва ВАО иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш ҳадаф аз ташкил ва ифтитоҳи намоиши мазкурро шинос намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо ин навъи санъати тасвирии миллати тоҷик, дар ин замина, ба шуғли миниатюраи бадеӣ ҷалб намудани ҷавонон ва дастгирии рушди миниатюраи тоҷик баён намуд.

Дар толори намоишӣ зиёда аз 80 адад асарҳои Камолзода О., Ҳоҷиева С. Камолова Б., Ҷалолова П., Раҳимов Ш., Ятимов Д., Акобирова С., Палтангова Н., Садуллоева М., Фарзонаи Ю. ва Садуллоева А. ба тамошо бароварда шудаанд.

Дар офаридаҳои муаллифон намунаи офаридаҳои Камолиддин Беҳзод, Ризои Аббосӣ, чеҳраҳои илму адабиёт ба монанди Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, силсилаи миниатюраҳо барои китоб дар бораи эҷодиёти К. Хуҷандӣ, аз “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ “ Лайлӣ ва Маҷнун”, “Маҷнун дар биёбон”, “Баҳроми Гӯр ва Аждаҳо”, “Хусрав ва Ширин”, аз “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ “Симурғ ва Зол”, “Зол ва Рӯдоба”, “Зода шудани Рустам” ва ғайраҳо инъикос шудаанд.

Ҳамчунин асарҳо бо номҳои “Наврӯз”, “Гаҳворабандон”, “Шикор дар ғуруби офтоб”, “Волидони ман”, “Чавгон”, “Тӯй”, “Баҳси олимон”, “Достонҳои Шоҳнома”, “Баҳор”, “Ҳикоя дар бораи ҳудҳуд”, “Ноки ширин”, “Суҳбати ду бум” ва “Дорбоз” низ ба тамошо бароварда шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки бузургтарин мусаввир, наққош ва миниатюрнигори тоҷик — ин Камолиддин Беҳзод мебошад, ки дар Шарқ бо номи ифтихории «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» шуҳрат дорад. Муосиронаш ӯро «қоиди мусаввирон», «ягонаи замона» ва «нодири даврон» ном бурдаанд.

Мерос ва шахсияти Беҳзод мавзуи таҳқиқи ҳунаршиносони Шарқу Ғарб гардида, соли 2001 бо қарори ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 550-солагии зодрӯзаш таҷлил шуд.

Намоиши “Пайравони Камолиддини Беҳзод. Миниатюраи тоҷик” дар Осорхонаи миллӣ то рӯзи 25.08.2022 идома менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram