Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар шаҳру ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ-дар минтақаи Ҳисор аз 1 то 5 август ва дар минтақаи Рашт аз 8 то 11 августи соли равон баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Аз минтақаи Ҳисор дар даври дуюми озмун 120 нафар довталабон ширкат варзида, 22 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Довталабон аз рӯи Номинатсияҳои дар озмун омада, баромад карда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Аз рӯйи нишондихандахои даври дуюми озмун иштирокчиён аз шахрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринав ва Файзобод миёни шахру нохияхои минтақа фаъолона ширкат варзида, ба дастовардхои бехтарини хунариву эҷодӣ ноил гардиданд.
Даври дуюми озмун дар минтақаи Рашт, дар Қасри фарҳанги ноҳия аз 8 то 11 август сурат гирифта, аз 64 нафар иштирокчӣ 21 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки довталабон бо маҳорати баландӣ эҷодӣ баромад намуда, дар ҳамаи номинатсияҳои озмун фаъолона ширкат варзиданд. Аз рӯи хулосаи ҳайати ҳакамон иштирокчиён асосан аз ноҳияҳои Рашт ва Сангвор бо маҳорату ҳунари воло баромад намуданд.
Даври дуюми озмун дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва омодагиҳои ҷиддии иштирокчиён доир гардида, соҳибистеъдодҳо ба даври ҷамъбастӣ роҳхат гирифтанд.
Ғолибони даври дуюми озмун аз ҷониби роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҷоизаҳо, сипосномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки даври дуюми озмун дар шаҳри Душанбе аз 15 то 18 августи соли равон дар Донишкадаи давлатии таълимии фрҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода баргузор мешавад.