РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таҳсилоти томактабии «Шукуфаи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд

12 август дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18-и ба номи «Шукуфаи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо фармоиши идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Тавфиқ» бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд гардид.

Корҳои сохтмонӣ аз моҳи декабри соли 2021 оғоз гардида, дар 8 моҳ ба анҷом расиданд. Дар сохтмони бино маҳсулоти хушсифати ватанӣ истифода шудааст.

Муассисаи таълимии томактабии «Шукуфаи Истиқлол» аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, барои таълими 250 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар ин муассисаи таълимии замонавӣ 13 нафар мураббӣ дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбияи дӯстрӯякон машғуланд.

Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд. Дар саҳни муассиса ҳавзи шиноварӣ бо фаввора, айвончаҳои фароғатию машғулиятӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон бунёд шудаанд. Деворҳои саҳни муассиса бо расмҳои қаҳрамонҳои афсонаҳои халқи тоҷик оро дода шудаанд. Чароғҳои замонавӣ ва гулҳои рангоранг ба ин бинои замонавӣ ҳусни тоза мебахшанд.

Зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти томактабӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мураббиёни он дастур доданд, ки таълиму тарбияро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд, то дар оянда шогирдони онҳо барои пешрафти Тоҷикистони азиз хизмат намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram