РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Эрон масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

10 августи соли 2022 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ, Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусайн Ҳусайниниё доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Манбаъ афзуд, ҷонибҳо алоқамандии худро барои амалисозии барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар тайёр кардани мутахассисони касбиву техникӣ миёни марказҳои омӯзишии ду кишвар тибқи санадҳои имзошуда зимни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон дар моҳи майи соли ҷорӣ баён карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram