РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хоруғ: Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳӣ доир мегардад

Аз 19 то 21 август дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали 15-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад. Дар ин бора директори фестивал Самандар Пулодов хабар дод.

Ба иттилоим анбаъ, дар фестивали имсола 100 навозанда аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Фаронса, Австрия ва Нидерланд ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳадафи фестивал- инъикоси зебоии гуногунии фарҳангӣ (Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ ҷаҳон) ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ тавассути ифодаи шаклҳои мухталифи санъат ва анъанаҳои гуногуни фарҳангӣ мебошад.

Дар фестивал аз ҷониби ҳунармандони касбӣ барои донишҷӯён, навозандагон, санъатшиносон, дӯстдорони мусиқии ватанӣ ва хориҷӣ силсиладарсҳои маҳоратӣ доир карда мешаванд.

Манбаъ афзуд, дар доираи фестивал инчунин намоишгоҳҳои ҳунарӣ, хӯрокҳои миллӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ пешкаши иштирокдорон мегарданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram