РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Ҳабиби театри мо

Ҳабибулло Абдураззоқов дар муҳити фарҳангиву адабӣ ба камол расида, чун ҳунарпешаи асил барои рушди санъати касбӣ, театр ва синамои тоҷик хидматҳои пурарзише кардааст.

Соли 1961 баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарский (ГИТИС)-и Маскав фаъолияти эҷодии худро дар Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ)-и ш. Хуҷанд оғоз бахшид.

Нақшҳои бозидаи ӯ дар даҳҳо намоиши театрӣ ва қаҳрамонони офаридааш зиёда аз 50 филми синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Русияву Эрон ва дигар студияҳои синамоии кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ то ба ҳадди образҳои барҷаста расида, барои ғановати маънавию ахлоқии миллионҳо тамошогарон таъсири пурарзиш гузоштаанд. Ҳамчун коргардони хушзавқу хушсалиқа бештар аз 50 намоиши театрӣ ва даҳҳо барномаву консерт, ҷашнвораву чорабиниҳои бузурги милливу ҳукуматиро бо донишу малака, маърифати баланду идеяҳои созанда таҳия намудааст, ки дар саҳифаҳои таърихи навини санъати касбии тоҷик бо рангу ҷило ва ҳусну шукӯҳи хосса сабт гардидаанд.

Қаҳрамонони саҳнавию синамоияш бо ҳарорати пурҷозибаи истеъдоду ҳунар, бо лирикаи хоссу пурэҳсос, бо садои қавию нутқи расо ва санъати баланди суханварӣ ҳамчун образҳои равшану хотирмон офарида шудаанд. Нақшҳои Любим Тартсов (“Камбағалӣ айб нест”-и А.Н.Островский), Дерамо (“Шоҳ Гавазн”-и К. Готси), Ёдгор (“Дохунда”-и Ҷ. Икромӣ), Файзуллоҷон (“Иродаи зан”-и А. Сидқӣ), Меркутсио, Отелло (“Ромео ва Ҷулйетта”, «Отелло»-и У.Шекспир), Шоир Хур- шед, Афросиёб (“Ҳуррият” ва “Рустам ва Суҳроб”-и Ғ. Абдулло ), Низомиддин (“Дилҳои сӯзон”-и Ҷ. Икромӣ), Қарабой (“Гилеми кабуд”-и Т. Аҳмад- хонов), Чатский (“Дод аз дасти ақл”-и Н.Грибоедов), Корманди воломақомоти ҳизбӣ («Вақте, ки шаҳр хуфта буд»-и А. Чхаидзе), Мулло Нуриддин (“Вопасин арӯси амиралмуъминин”- и Ф. Муҳаммадиев), М.Турсунзода (“Фарзанди Осиё”-и Р. Қудратов), Карл Моор («Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер), Кент («Шоҳ Лир»-и У.Шекспир), Шоҳ (“Баҳроми Чӯбина”-и Т. Аҳмадхонов) ва ғ. гувоҳи онанд, ки паҳнои ҳунару маҳорати иҷрокунандагии ӯ дар жан- рҳои мухталифи саҳнавӣ, ҳам фоҷеа, ҳам драма ва ҳам мазҳака хеле қавию васеъ мебошад.

Яке аз нахустин нақшҳои бозидаи Ҳабибулло Абдураззоқов дар саҳнаи театр нақши Любим Тортсов аз намо- иши «Камбағалӣ айб нест»-и Н. Островский мебошад. Намоиши мазкур дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик маҳфуз аст ва ман онро борҳо гӯш карда, ба нақши Любим Тортсов дар иҷрои Ҳ. Абдураззоқов ошиқу мафтун гашта будам. Руҳи исёнгаронаву адолатхоҳӣ, ҳақталошиву ҳақҷӯии Любим Тортсов дар хислату шеваи рӯзгор ва мароми зиндагии Ҳ. Абдураззоқов таъсири амиқ гузошт…

Ҳабибулло Абдураззоқов дар баробари ҳунарпешаи соҳибистеъдоди касбӣ буданаш, ҳамчунин беҳтарин донандаи суннат, анъана, урфу ойин ва ҳунарҳои мардумӣ буд.

Дар заминаи ҳамин огоҳиҳо ӯ дар таҳияи барномаҳои эҷодиву сафарии чандин ансамбли фолклории хонаҳои эҷодиёти халқи ҷумҳурӣ саҳми босазо гузоштааст. Аз ҷумла, ӯ соли 1978 ансамбли фолклорӣ-этнографии “Чашма”-и колхози Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъро барои иштирок дар ҷашнвораи байналмилалии кишварҳои кӯҳистон дар шаҳри Закопанияи Лаҳистон (Полша) омода сохт, ки дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ ба дарёфти шоҳҷоизаи он “Табарчаи тиллоӣ” сазовор гардид.

Намоишҳои дар саҳнаи театрҳои касбӣ таҳиякардааш низ бо услубу обуранги миллӣ, пайванду тақвияти арзишҳои фарҳанги шарқӣ бо унсуру воситаҳои театри муосир ва бо бадеияти хосси худ басо ҷаззобу шавқангез буданд.

Намоишномаи мазҳакавии “Садо аз тобут”-и Абдулло Қаҳҳор, ки таҳияи он дар Ӯзбекистон аз ҷониби мақомоти ҳизбӣ манъ шуда буд, соли 1975 дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ бо иқдому ҷасорати хоссаи Ҳабибулло Абдураззоқов ба тарзи нав ва бо нигоҳи тозаи коргардонӣ таҳия гардид ва бо ансанбли қавии актёроне чун Аслӣ Бурҳонов, Марям Исоева, Маҳмуд Тоҳирӣ, Саидмурод Мардонов, Носир Ҳасанов, Қиёмиддин Чақалов ва дигарон аз сертамошобинтарин намоиши театр маҳсуб мешуд. Ҳабибулло Абдураззоқов бисёр марди шӯху зиндадил буд, ҳазлу зарофатҳое дошт, ки хосси табиату завқи худи ӯ буданд. Дар заминаи ҳамин танзу зарофатҳои нешдору нӯшдори хеш ӯ намоиши “Вопасин арӯси амиралмуъминин”-и нависандаи маъруфи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиевро чунон таҳия намуд, ки муаллиф ҳангоми тамошо асари худро нашинохт. Мазҳакаи “Вопасин арӯси амиралимуъминин”(манзур охирин амири Бухоро Олимхони манғит аст) бо ансамбли қавии актёрон Бурҳон Раҷабов, Носир Ҳасанов, Убайдулло Раҷабов, Саидмурод Мардонов, Намоз Ойматов, Асалбек Назриев ва дигарон басо ҷолибу шавқовар таҳия шуд. Худи устод низ дар он намоиш яке аз нақшҳои калидиро иҷро мекард ва дар симои он қаҳрамон мо чеҳраи худи ӯро бо танзу ҳазлу зарофатҳои намакинаш медидем.

Яке аз омилҳо ва услубҳои неку самарабахши коргардонии Ҳабибулло Абдураззоқов ҳамкориҳои эҷодии ӯ бо муаллифон буд, ки натиҷаи равшану дилхоҳи онро мо дар таҳияи мазҳакаи “Вопасин арӯси амиралмуъминин” мушоҳида кардем.

Устод Фазлиддин Муҳаммадиев бо дидани машқу тамринҳои марҳалаи ниҳоии намоиш (прогонҳо), андешаву пешниҳодҳо ва услуби кори коргардон, ҳамчунин ҷустуҷӯҳои саҳнавии ҳунарпешагон ба кори аҳли эҷоди театр баҳои баланд дода, эътироф кард, ки заҳмати офарандагони намоиш (спектакл) аз заҳмати навиштани намоишнома боз ҳам сангинтару басо заҳматталаб будааст. Ӯ ҳамчунин бо эҳтирому ихлоси самимӣ қоил шуд, ки муаллифи воқеии асари саҳнавӣ коргардон аст ва муваффақияту арзишҳои ғоявии намоишнома маҳз аз коргардону услуби таҳияи ӯ вобаста мебошад.

Чунин ҳамкориҳои дӯстонаву эҷодкоронаи ӯ бо адибони маъруф Сотим Улуғзода, Ғанӣ Абдулло, Файзулло Ансорӣ, Нур Табаров ва дигарон дар фаъолияти эҷодии ӯ чун коргардону ҳунарпеша ба барномаи эҷодии театр натиҷаҳои басо дилхоҳ ба бор оварданд.

Бисёр саҳнаҳои ҷолиб, аз лиҳози бадеияту тобишҳои ғоявӣ такмилу сайқал ёфтани асар маҳз дар баҳсу талош, андешаву пешниҳодҳои коргардону ҳунарпешагон ҳангоми тамринҳо ҳосил мегардад. Намоиши «Дар чорсӯ»-и Н. Табаров беҳтарин маҳсули ҳамкориҳои коргардон ва муаллиф маҳсуб мешавад. Ҳамчунин яке сабабҳои муваффақияти саҳнавии асар интихоби ансамбли хубу муноси- би актёрон мебошад, ки дар ин маврид Ҳабибулло Абдураззоқов завқу нигоҳи хосса дошт.

Таҳияи ҳар як намоиш, таҳлилу баррасии мавзуъ, ҳолату воқеаҳо, ҷаҳони ботинӣ ва андешаву афкори ҳар як қаҳрамон, баҳсу талош ва ҷустуҷӯҳои мантиқӣ мактаби бузурги эҷодист, ки дар он ҳунарпешагон, хусусан ҳунарпешагони ҷавону роҳҷӯ тарбият ёфта, ба камол мерасанд. Аз ин ҷост, ки театр бо намоишҳои худ, бо аҳли эҷоди хеш, бо ҷустуҷӯҳои эҷодӣ бо сӯхтану сохтанҳо таҷассумгари набзи замон аст. Мақому ҷойгоҳи ин мактаби бузургро дар фаъолиятҳои эҷодии коргардонҳои шинохтаи театри тоҷик устодон Хушназар Майбалиев, Ҳабибулло Абдураззоқов, Фаррух Қосимов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Давлат Убайдуллоев бо таҳқиқ ва мушоҳида метавон дарёфт.

Дар мактаби эҷодии Ҳабибулло Абдураззоқов даҳҳо ҳунарпеша ва коргардони соҳибзавқу хушсалиқа сабақи ҳунар андӯхтаанд.

Замоне, ки Ҳабибулло Абдураззоқов масъулияти раисии Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистонро ба дӯш дошт, бо кӯшишу талошҳои ӯ шаҳри Душанбе ба пойтахти фарҳангии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфта буд. Ин нуктаро худи ходимони театру арбобони намоёни фарҳангу санъати он ҷумҳуриҳо бо эҳтиром ва самимият эътироф карда буданд. Маҳз бо ташаббусу иқдоми Ҳабибулло Абдураззоқов ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту” арзи ҳастӣ кард, ки дар доираи баргузориҳои он даҳҳо намоишҳои ҷолибу пурарзиш таҳия га- шта, даҳҳо истеъдодҳои ҷавону пади- даҳои тозаи театрӣ кашф гардиданд. Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ “Наврӯз” ҳам иқдоми ӯст, ки фарогири театрҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари минтақаи Осиёст.

Ҳабибулло Абдураззоқов дар таъсис ва такомули эҷодии Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳамчун аввалин роҳбари бадеии ин тифли навзоди санъати театрии тоҷик хизматҳои арзишманде кардааст.

Театри «Падида» ва намоишҳои ҷолибу сафарҳои ҳунарии эҷодкорони он аз ҷумлаи дастовардҳои наҷибу пурифтихори Ҳабибулло Абдураззоқов ва бонуи хонадони фарҳангбунёдаш Шарофат Рашидова мебошад.

Яке аз охирин падидаҳои ифтихорангези фаъолияти эҷодии ӯ иҷрои нақши Ҳисомоғо дар силсилафилми «Дар чашми бод»-и коргардони маъру- фи синамои Эрон Ҷаъфари Ҷузҷонӣ буд.

Мавсуф чанд соли охири умри пурбори худро дар бистари беморӣ гузаронида бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ дилшикаставу руҳафтода набуд.

Ҳар гоҳе ба аёдаташ мерафтем, ӯро хандону болидаруҳ дармеёфтем ва зарофату танзу шӯхиҳояш ҳамоно боиси шодиву фараҳмандиҳо мегаштанд.

Роҳбарияти кунунии театр аз Ҳабибулло Абдураззоқов бо фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳияи намоишҳо даъват ба амал оварда буд, вале бо сабаби вазъи саломатии устод ин нияти нек амалӣ нагардид.

Боре, баъди аз рухсатии меҳнатӣ, ҳамкорон ҳар кадом дар хусуси чӣ гуна ва дар куҷо истироҳат карданашон (хусусан онҳое, ки ба хориҷи Тоҷикистон, масалан ба Қрим, Сочи, Налчик, Трускаветск ва ба ин монанд ҷойҳо рафта буданд), бо шавқу ифтихори хосса қисса мекарданд. Ҳабибулло Абдураззоқов бо тамкину оромии ба худ хос нақл намуд, ки:-мо рухсатиро дар Дашти Ҷаму Сари Хосор гузаронидем ва ҳар рӯз шуғламон «тутотерапия,- алафолечение», «алафотерапия, -тутолечение» буд… Банда низ аз ин зарофати устод илҳом гирифта гуфтам, ки ман рухсатиро дар деҳа гузаронидам ва ҳар рӯз ба «андовале- чение» ва «бетонохирургия» машғул будем. Устод ва ҳамкорон хеле бо шавқ хандиданд…

Устод Меҳмон Бахтӣ низ аз мактаби ҳазлу зарофати Ҳабибулло Абдураззоқов илҳом гирифта, ба сабку услуби хосси силсилашӯхиҳои худ асос гузоштааст. Дар ҳамин мактаби лутфи латиф ӯ бо таҳқиқ собит намуда буд, ки «Равшанӣ аз торикӣ равшантар аст…»

Истеъдоди баланди касбӣ, садои қавию нутқи бурро, донишу фазилати воло, чеҳра ва қаду қомати зебои саҳнавӣ ӯро дар иҷрои нақшҳои гуногун дар жанрҳои мухталифи драмавӣ комёбу муваффақ гардонида буданд. Паҳнову вусъати ҳунару истеъдоди ӯ барои иҷрои ҳама гуна нақшҳо; лирикиву фоҷиавӣ, мазҳакавию драмавӣ созгору мувофиқ буд. Ӯ дар саҳна бо ҳама розу ниёз, бо ҳама дарду ормон ва андешаву афкори қаҳрамононаш зиндагӣ мекард.

Фаъолияти ҳунарии Ҳабибулло Абдураззоқов дар театру синамои тоҷик як мактаби бузурги эҷодист, ки, мутаассифона, мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор нагирифтааст. Боиси таассуф аст, ки дар вақташ ҳамаи имкониятҳои эҷодӣ, захираи истеъдоду маҳорати касбии Ҳабибулло Абдураззоқов пурра истифода нашуда буд…

Аз соли 1997 ӯ тарки театр намуд, вале ҳамчун эҷодкори асил ҳеҷ гоҳ бекору ором истода наметавонист. Таъсиси театри «Падида» бо ҳамкории эҷодии хонумаш Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шарофат Рашидова воқеан ҳам яке аз падидаҳои фараҳбахш дар ҳаёти фарҳангии кишвар буд. Ҳунарпешагони ҷавони ин театри навтаъсис бо намоишҳои ҷолиби худ санъати миллии мо, хусусан арзишҳои волои ҳунарҳои мардумӣ, фолклорӣ-этнографиро дар як қатор мамолики Осиёву Аврупо муаррифӣ намуданд. Дар ҷашнвораҳои бузурги байналмилалӣ ширкат варзида сазовори ҷоизаҳои зиёд гардиданд. Ба ҳар комёбиву муваффақияти театр, албатта, таҷрибаи кофии эҷодӣ, роҳбариву ташкилотчигии Ҳабибулло Абдураззоқов асоси боэътимод гардида буд.

Ҳабибулло Абдураззоқов ба ҳайси саркоргардони Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, чун аввалин муассис ва роҳбари бадеии Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва ҳамчун раиси Иттифоқи ходимони театрии Тоҷикистон дар рушду нумуи санъати театрии кишвар хизматҳои бузурге кардааст. Дар давраи роҳбарии ӯ ИХТ Тоҷикистон натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ мақому эътибори баландеро соҳиб гашт. Дар ин давра Ҳабибулло Абдураззоқов ҳамчунин муовини раиси ИХТ СССР интихоб шуда буд, ки раисии онро Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Кирилл Лавров ба зимма дошт. Дӯстиву ҳамкориҳои Ҳабибулло Абдураззоқов бо ҳунарпешаи маъруфи рус К. Лавров баҳри рушди театри тоҷик, барои сафарҳои ҳунарии он ба мамлакатҳои дуру наздик самараҳои зиёде оварда буд.

Ҳабибулло Абдураззоқов бо кору рафтор, бо фидокориву садоқат, бо ҷасорату ҳақталошӣ намунаи ибрат гардида буд. Ҳатто тарзи роҳгардиву либоспӯшӣ, муоширати устод барои мо, ҷавонони қарни гузашта, ибратбахшу сабақомӯз буд.

Ӯ марди озодаву озоде буд, ки дар қолабҳои расмиятчигиву бюрократӣ намеғунҷид. Ӯ воқеан ҳам дар афкору андеша ва гуфтору рафтор чунин буд. Месазад, ки барои хизматҳои шоёнаш, барои талошу ҷонбозиҳояш дар роҳи рушди санъату фарҳанги тоҷик номаш абадӣ гардонда шавад.

Ортиқ ҚОДИР,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram