РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

КӮЛОБ: 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегирем

15 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр доир гардид, ки дар он муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Дар ин бора аз Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аввал раиси шаҳри Кӯлоб иброз дошт, ки баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбариро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамонро бо дастовардҳои навин истиқбол намоем.

Баъдан, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Роҳбари дасгоҳи шаҳри Кӯлоб Абдуллоев Файзулло оид ба супоришҳои дар маҷлиси қаблӣ додашуда ҳисобот пешниҳод намуд.

Дар идомаи кори ҷаласа Муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо оид ба рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ва Ҳамидиён Орзу оиди рафти омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намуданд.

Зимни маҷлиси навбатӣ масъалаҳо оиди фаъолияти қатъии гуруҳҳои корӣ, иваз намудани шиору овезаҳо, рангу бор намудани ташкилоту муассисаҳо ва хонаҳои баландошёна, рафти омодагии муассисаҳои мактабӣ ба соли нави хониш, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар муассисаҳо, дар сатҳи баланд гузаронидани Конференсияи августии омӯзгорон, супоридани бақияпулиҳои андоз, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram