Имрӯз, 15 август мулоқоти муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода бо мудири кулли Раёсати ҳамкориҳои фарҳангӣ ва умури эрониёни хориҷ аз кишвари Созмони фарҳанг ва иртиботи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Каёнӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ муносибатҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар: аз қабили баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон ва Эрон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор шуд.