РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

СУҒД: Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил шуд

Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август дар кишвари соҳибистиқлоли мо Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти аиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иди касбии сохтмончиёнро табрик гуфта, қайд намуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳа таъмин гардида, ҳамасола аз ҷониби бинокорон иншооти соҳаҳои иқтисодӣ  ва иҷтимоӣ бунёд карда мешавад.

Дар ин замина, бинокорони вилоят дар бунёди иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, амалӣ  гардонидани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо аҳлона кору фаъолият менамоянд.

Маҳз заҳмати лоиҳакашону  сохтмончиён буд, ки ишвари маҳбубамон Тоҷикистон ва аз ҷумла вилояти Суғд дар даврони истиқлоли давлатӣ торафт ободу зебо гардида, сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд, — иброз дошт роҳбари вилоят.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохтмончиёни вилоят аз уҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату миллат бо сарбаландӣ баромада, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.

Сипас, барои хизматҳои шоён ва саҳми назаррас дар бунёди иншооти хоҷагии халқи вилоят, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон пешқадамони соҳа бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир барномаи рангини консертӣ пешниҳод карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram