РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ходимони фарҳангу санъати тоҷик дар Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ маҳфил баргузор карданд

Дар Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ рӯзи 15 августи соли равон маҳфили судманду созандаи фарҳангӣ бо иштироки ходимони шинохтаи фарҳангу санъати Тоҷикистон, Толиб Шаҳидӣ, Суръат Халилов, Қудратуллоҳ Яҳёев, Абдувалӣ Абдурашидов, Фирӯз Улмасов баргузор гардид. Дар ин хусус радиои «Фарҳанг» бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати мазкур, дар вохӯрӣ роҳбарияти муассиса ва намояндагони маҳалла иштирок намуда, дар мавзӯи дурнамои муносибатҳои мусиқии миллии касбии тоҷик, инчунин дар доираи китоби тозанашри Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ-Толиб Шаҳидӣ зери унвони “Тасбеҳи хотира”- сӯҳбатҳои гарму самимӣ доир гардид.

Муҳтавои китоби мазкур аз хотирахои айёми бачагӣ, солхои донишҷӯӣ, мусиқии касбӣ, асархои мусиқии солхои гуногун эҷод шудаи муаллиф, сабки мукаммали оҳангҳои қуҳан дар мувофиқагардонӣ ба садохои имрӯза, сухан мегӯяд.

Қудратулло Яҳёев қайд кард, ки “Мусикии Толиб Шахидӣ ба ҳар як шунаванда озодии ботинӣ бахшида, касро ба олами рангини шукуфоӣ ҷалб месозад.

Ҳарчанд забони мусикии оҳангсоз бо анъанахои қадимаи анъанавии мусиқии миллии тоҷик алокаманд аст, сабку услуби фаҳморо бо маҳорати баланди техникаи композиторӣ истифода мебарад. Ин падидаҳои забони мусиқӣ, дар дурахши эҷоди муаллиф дарки маъноро ба қуллаи баланд ифшо кардааст. Як нуктаи бориз ин аст, ки давоми солхои охир дар мусиқии тоҷик чандин китобҳои тозанашр муаррифӣ шуданд, ки он маҳсули кори композиторони тоҷик ба ҳисоб рафта саҳифаи тозаеро дар риштаи фарҳанги мусиқӣ боз мекунад.”

Манбаъ афзуд, дар вохӯрӣ пешниҳод шуд, ки барои рушду густариши муносибатҳои фарҳангӣ аз баргузории намоишгоҳҳои мероси таърихӣ ва фарҳангии мамлакат дар давлатҳои ҷаҳон васеъ истифода карда шавад. Роҳандозии ҳамкориҳои густурда бо кишварҳои олам метавонад миллати тоҷикро, ки дорои махзани бузурги мероси таърихӣ ва фарҳангист дар саросари олам муаррифӣ намояд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиёни маҳфил ҳамчунин оид ба густариши фаъолиятҳои фарҳангӣ табодули андеша карда, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созандаро дар ин самт арзёбӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram