РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ: Қатъи интиқоли оби ошомиданӣ дар назар нест

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ба хабарҳои бардурӯғу беасос оид ба қатъи интиқоли оби ошомиданӣ бовар накунанд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тавре дар иттилоия гуфта шудааст,  шоми дирӯз дар саҳифаҳои иҷтимоӣ оид ба қатъи интиқоли оби ошомиданӣ хабари бардурӯғу беасос паҳн карда шуд, ки сокинони пойтахтро ба таҳлука ва изтироб овард.

«Шаҳрвандони гиромӣ, бори дигар ба самъи шумо мерасонем, ки барои воқиф шудан ҷиҳати қатъ гардидани об ва дигар маълумот аз саҳифаҳои расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Обу корези Душанбе» ва воситаҳои ахбори оммаи расмӣ истифода баред»,- гуфта мешавад дар иттилоияи мақомот.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram