РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд

15 август даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар шаҳри Душанбе дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода оғоз гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, озмунро Сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ифтитоҳ бахшида, ба давталабон барои иштирокашон муваффақиятҳо таманно намуд.

Ба даври дуюми озмун аз шаҳри Душанбе 228 нафар довталабон аз рӯи номинатсияҳои навозандагӣ, сарояндагӣ ва композиторӣ баромад мекунанд.

Дар рӯзи аввали озмун довталабон аз рӯи номинатсияи навозандагӣ иштирок намуда, ба ҳунару маҳорати навозандагони аз 12 то 17 сола баҳогузорӣ карда мешавад.

Дар назар аст, ки озмун дар шаҳри Душанбе 4 рӯз идома ёфта, 18 август ҷамъбаст мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram