РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Ин маротиб “Корвони китоб” ба Бадахшон меравад

Аз 19 то 29 августи соли 2022 “Корвони китоб” — тавассути Корҳонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои : “Китоб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии — Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои ВМКБ (Шуғнон, —Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ) ба сафар мебарояд. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба радиои «Фарҳанг» хабар доданд.

«Дар ин сафар аз ҳисоби “Барномаи давлатии рушди  муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои «солҳои 2021-2025” ба китобхонаҳои марказонидашудаи ВМКБ 3440 нусха китоб ба тариқи ройгон дастрас кунонида мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram