РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Масъалаи ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани «Ҳулбук — Пойтахти Хатлони Қадим» баррасӣ шуд

15 августи соли равон ҳайати коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо бо коршиносони байналмилалӣ зери роҳбарии директори Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ Дмитрий Воякин мулоқоти корӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, миёни ҷонибҳо гуфгугӯи самимӣ сурат гирифта, масъалаи коркард ва пешбурди номинатсияи «Ҳулбук — Пойтахти Хатлони Қадим» ва ворид намудани он ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram