РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Олими шинохтаи тоҷик академик Фозил Тоҳиров даргузашт

Ҳуқуқшиноси тоҷик, академияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фозил Тоҳиров имрӯз 16 августи соли 2022 дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Иллати даргузашти олими шинохтаро бемории тулонӣ гуфтааст, манбаъ.

Фозил Тоҳиров соли 1939 дар Конибодом ба дунё омада, соли 1966 риштаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлати Тоҷикистонро хатм карда, 30 сол дар ҳамин донишгоҳ ва баъдан, аз соли 1995 солҳои зиёде дар Академияи илмҳо кор кардааст.

Фозил Тоҳиров ҳанӯз соли 1988 соҳиби унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва соли 1990 сазовори унвони профессор шуда, соли 2008 академик, ё узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд. Фозил Тоҳиров солҳои 1990—1995 ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1995−2006 саркотиби илмии Академияи илмҳо ва аз соли 2006 мудири Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ ва баъдан раиси Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram