РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Дар Форуми байналмилалии «Помиринвест-2022» маҳсулоти ҳунармандони Бадахшон намоиш дода шуд

Имрӯз дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ ва сармоягузории «Помиринвест-2022» ба кор шурӯъ намуд,ки дар он беш аз 150 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла роҳбарону намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар доираи форум соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳунармандони касбию мардумӣ маҳсулоти дасти худро ба намоиш гузоштанд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, олимону мухаққиқони дохиливу хориҷӣ ва коршиносони масоили иқтисодӣ аз намоишгоҳ дидан намуданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни ифтитоҳи Форум диққати ҳозиринро ба имконияти сармоягузорӣ дар вилоят ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва зарфияти мавҷудаи ҳамкорӣ ва дарёфти механизми пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят ибрози андеша намуд.


Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти ВМКБ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ сухан гуфт.

Муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, маҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Имомзода гуфт, ки «ҳадаф аз баргузории форум- таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни соҳибкорони маҳаллӣ ва созмонҳои ватанию байналмилалӣ мебошад. Пас аз баррасии масъалаҳои иқтисодӣ дар фарҷоми форум бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои беҳтарини иқтисодию тиҷоратӣ шартномаҳо ба имзо расонида мешаванд».

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ яке аз падидаҳои ҷолиби солҳои охири кишварамон аст, ки ҳам зиндагии сокинони деҳотро ба маротиб боло мебарад ва ҳам фарҳанги бою ғании халқи тоҷикро дубора зинда мегардонад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram