РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири фарҳанги мамлакат аз вазъи муассисаҳои таълимӣ огоҳ шуд

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо мақсади шиносоӣ ва омодагиҳо ба соли нави хониш, корҳои ободсозию бунёдкорӣ аз як қатор муассисаҳои таълимии вазорат дидан намуд. Дар ин хусус радиои «Фарҳанг» бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Зулфия Давлатзода зимни боздид аз муассисаҳои таълимии вазорат аз синфхонаҳои таълимӣ, эҷодӣ, китобхонаҳо, сатҳу сифат, шароитҳои мавҷуда, камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, ҷиҳати омодагиҳо ба соли нави хониш, ободу зебо гардонидани гирду атрофи таълимгоҳҳо шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати иҷрои камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Манбаъ афзуд, ки дар тобеияти Вазорати фарҳанг 11 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷ, 2 мактаб-интернати махсусгардонидашудаи мусиқӣ ва санъат, 1 Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот фаъолият менамояд. Ҳайати устодон ва кормандони муассисаҳои таълимии соҳа 2059 нафар ва шумораи донишҷӯёну хонандагон 7149 нафарро ташкил медиҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram