РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

Душанбе: таҳти унвони «Маориф — Пойдевори ҷомеаи мутамаддин» ҳамоиши илмиву маърифатӣ баргузор гардид

Имрӯз зери ин унвон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамоиши илмиву маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Фатҳиддин оғоз гардида таъкид намуд, ки «Маориф асоси тамоми пешрафт ва комёбии давлатҳову миллатҳои ҷаҳон аст. Инро ба назар гирифта дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳаввулоти бузург дар низоми маорифи Тоҷикистон ба вуҷӯд омада, имрӯз маорифи кишвари мо даврони ислоҳот ва шукуфоии худро аз сар мегузаронад. Ва маҳз маориф аст, ки моро аз ҳар таассуб ва ноогоҳии ҷаҳони муосир наҷот хоҳад дод».

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло «Маориф сутуни давлат ва давлатдорӣ аст ва маҳз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави мамлакат ҳазорон биноҳои наву замонавӣ дар соҳаи маориф сохта ба истифода дода шуд ва ин тамоюл рӯ ба афзоиш аст. Маблағгузорӣ дар соҳаи маориф бештар гардида имрӯз зиёда аз 2 милиону 200 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Агар дар замони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 14 муассисаи олии касбӣ вуҷӯд дошт ва дар замони истиқлол шумораи он ба 42 адад расид, ки ин ҳама аз суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ шаҳодат медиҳад.

Дар асоси барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои олии давлатҳои хориҷа таҳсил намуда истодаанд».

Дар мавқеъи худ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам таъкид намуд; «Миллати тоҷик дар тӯли ҳастии таърихии худ бо се ҷавҳар зиндаву поянда монд ин китоб, қалам ва сухан буд. Ва дигар унсуре, ки миллати тоҷикро дар имтидоди таърихи пуршебу фароз наҷот дод ин ҷавҳари ваҳдатгароии ӯ буд. Аз муҳимтарин сифоти таъртхии миллати тоҷик ин таҳаммулпазирӣ буд, ки ҳамеша миллати ранҷдидаи ва пур аз маънавияти тоҷикро ҷаҳоншумул сохт».

Ҳамин тариқ дар идомаи суханронии пурмуҳтавои худ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ таъкид намуд, ки; «Омӯзгорон пойдевори маориф ва тарғибгари илму маърифату дониш мебошанд, аз ин рӯ бояд омӯзгорони мо дар муносибат бо насли наврас ва ҷавонони миллати тоҷик, ки умеди ояндасозии миллат мебошанд аз рӯйи адолати иҷтимоӣ ва адолати инсонӣ муносибат намоянд. Маҳз омӯзгорон метавонанд насли наврасро ба худшиносии миллӣ ва худогоҳии воқеъӣ ҳидоят созанд.

Дар охири чорабинӣ аъзои Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ суханронӣ намуда, бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ аз иқдомҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда таъкид намуд, ки; «Имрӯз тамоми сокинони сайёраи замин қадри сулҳу ваҳдатро хуб шинохтаанд, маҳз шинохти воқеъии сулҳу ваҳдат ва гиромидошти он аз истиқлоли маънавӣ ва маорифу илм сарчашма мегирад. Инро ба назар гирифта ҳамеша Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки ҷомеа ва давлат буда, маҳз рушди тамоми соҳаҳои мамлакат аз рушди маориф сарчашма мегирад. Қобили хушҳолист, ки имрӯз сокинони Тоҷикистон, фарзандони миллати тоҷик дар беҳтарин шароит ба сар мебаранд ва дар зеботарин муассисаҳои таълимӣ таҳсил менамоянд, ки ин ҳама баракати Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram