РАДИОИ ФАРҲАНГ

Фарҳанг — ҳастии миллат!

ТАВАҶҶУҲ! Аз 19 август ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шероз то хиёбони С. Шерозӣ маҳдуд карда мешавад

Аз 19 август  ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ маҳдуд карда мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд .

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти мошингард, шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 19 августи соли 2022 маҳдуд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

YouTube
Telegram